Падарам одами хуб бошад ҳам, намоз намехнад. Ҳарчанд падарамро ба намозхонӣ даъват кунам ҳам, танҳо даст меафшнаду халос.
Аз нигоҳи дини мубини ислом падари бенамозро ҳурмат кардан фарз аст?
Фарҳод, хонандаи “Оила”
Посухи домулло ҶамолиддиниХомӯш
Падару модар ду гавҳари ноёб ҳастанд, ки дар ҳама ҳолат эҳтироми онҳо воҷиб аст. Агар онҳо дар ҳолати куфр ҳам бошанд, бояд бо онҳо муносибати некӯ дошта бошед. Чунончи Қуръони карим мефармояд: “...Ва бо онҳо дар (маишати) дунё ба ваҷҳи писандида сӯҳбат дор” (Сураи “Луқмон”, ояти 15). Бинобар ин, падаре, ки намоз намегузорад, нисбати ӯ камтарин беэҳтиромӣ боиси гуноҳ аст. Лекин падару модар бояд пойбанди дастуроти динӣ бошанд, то ин ки фарзандон дар беҳтарин рӯҳияи инсонӣ тарбият шаванд.