Ман як сокини шаҳри Панҷакент. Мехоҳам қиссаи зиндагии худро нақл кунам, то ба тамоми падарон дарси ибрат гардад.
Хеле хурд будам, ки падарам ба зиндон афтид. Ҳар як кӯдак мехоҳад дар оғӯши гарми волидонаш ба воя расад ва мани кӯчакро низ те-тез хумори рӯйи падар гирифта, гиря мекардам, ки чаро ҳама додо доранду додои мо ба хонаамон намеояд. Ҳамин тавр ҳашт соли дароз рӯзҳоро мешумурдам, ки кай падарам ба озодӣ мебаромада бошад. Вақте ки падарам аз маҳбас озод шуд, шодии маро ҳеҷ интиҳое набуд. Шод будам, ки рӯзҳои сиёҳи хонаводаи мо ба поён расида, минбаъд ҳама сафу ҷамъ, хушбахту масрур зиндагӣ мекунем, аммо...
Ин хушбахтӣ дер давом накард. Падари носипосам ба ишқи поки модари меҳрубонам, ки содиқона 8-соли дароз ӯро интизор шуда буд, хиёнат карда, дар болояш зани дуюм гирифт. Бе падар дунё дар назарам тираву тор гашта, зиндагӣ рангу бӯяшро гум карда бошад ҳам, падари фарзандбезорам моро гӯё аз ёд бароварда, бо зани дуюмаш шоду хуррам зиндагӣ карда, соҳиби ду фарзанд гаштааст.
Падарамро на дар ин дунё ва на дар дунёи дигар ҳаргиз намебахшам, зеро ба хотири як зани бегона шуда, ин мард мо-фарзандони ҷону ҷигарашро, ки аз хуни ӯ ҳастем, зери по карда, дар чорсӯйи зиндагӣ танҳову зор монда рафт.
Б., сокини ш. Панҷакент