Ман дар оилае ба дунё омадаам, ки онро дар байни мардум носолим мегӯянд, зеро падарам майхора буд. Аз рӯзе, ки худро ёд дорам, ӯ масту аласт ба хона омада, модарамро зери мушту лагат мегирифт.
Мо ҳеҷ гоҳ хӯроки серӣ ва либоси навро намедидем, зеро падарам пули ёфтаашро сарфи май мекарду модарам, ки маълумот ё ҳунаре надошт, имкони барои мо харидани либосеро андошт. Мо дар оила се духтар будем ва падарам маст, ки шуд, «ту барои ман меросхӯр таваллуд накардӣ» гӯён, модарамро зери борони дашному ҳақорат обу адо мекард. Баъзан косаи сабри модарам лабрез мешуду бо овози баланд дод мезад:
- Э Худое, канӣ ҳамон мероси ту, нохуне надорӣ, ки тахтапуштатро бихорию боз шон меросдор!
Ин пешхезии модарам ба гулхани қаҳри падари ҷоҳилам равған мерехту бо тамоми овоз ба сари ӯ ва «ҷинқарча»-ҳояш (ӯ мо се духтарашро ҳамин тавр ҷинқарча меномид, ки маънояшро то ҳол намефаҳмам) хоки дунёро бод мекард, дашному ҳақорат мекарду носазо мегуфт. Ёд дорам, дар мактаб низ ба ману апаҳоям ҳамсолонамон назари нописандона доштанд, агар пишаки касеро пишт гӯем, таънаашон тайёр буд, «муред бо падари алкашатон, гушнамастҳои ҳаром!» Дар давраи ба қавли мардум беғамию кӯдакиҳоям он қадар ғам хӯрдаам, ки ногуфтанӣ…
Модарам кӯшиш мекарданд, ки мо бо либоси кӯҳна ҳам бошад, тозаю озода ба мактаб равем, баъзан хешу табор ба мо либосҳои кӯҳнаи фарзандонашонро медоданд ва мо аслан бо либоси кӯҳнаи касон ба воя расидаем. Ёд дорам, духтари Носири тоҷир Фазиламоҳи мағруру катача боре маро шарманда карда буд….
Модари Фазиламоҳ ҳамсинфи модарам буду баъзан ӯро барои тоза кардани хонаҳояш даъват намуда, ба ивази меҳнаташ ба ӯ маҳсулоти хӯрокворӣ, либосҳои кӯҳнаи худашу духтарашро медод. Як рӯз модарам як даста либосҳои Фазиламоҳро оварда шуста, дарзмол карда, барои ман тахт карда дод. Рӯзи дигар ман куртаи сафеди пар-паргиребон, туфличаҳои ялақосии сурхи зеборо пӯшида, бо як ҷаҳон хурсандӣ ба мактаб рафтам. Аз пӯшидани либосҳои қимматбаҳо он қадар хурсанд будам, ки дар як лаҳза фаромӯш кардам, ки онҳо аз шахси тамоман бегонаанд. Чун ба остонаи мактаб қадам мондам, ҳама устодону муаллимон ба сӯям бо ҳавас нигаристанд. Дар қатори пагоҳирӯзӣ директори мактаб, маро ба саҳни ҷамъомад даъват карда, таърифам карда гуфт:
-Ана хонандаи мактаб чӣ хел мешавад! Баъзеи шумо саҳар аз хоб хеста, рӯятонро нашӯста, ба мактаб медавед, офарин ба ҳамин духтарак, синфи шаш ҳам бошад, аллакай фарҳанги либоспӯширо хеле хуб медонад. Шумо аз ӯ ибрат гиред!
Ман хонандаи аълохони мактаб ба шумор мерафтам, вале имрӯз дар бораи завқи либоспӯшиям офарин шунида, он қадар хурсанду болидарӯҳ будам, ки ногуфтанӣ. Ҳамин вақт чун тарошаи аз бом афтидагӣ барин Фазиламоҳ аз байни издиҳом нидо кард:
-Ҳуй гадолучак, модарам нафаҳмида куртаи навамро ба модари мардикорат додааст, ҳозир гашта ба хонаатон рафта, онро бароварда тоза шӯй, ки бӯйи бадат равад ва баъд оварда, ба ман деҳ, набошад ҳозир байни мардум лучакат карда мемонам!
Аз шунидани суханони бойдухтари бераҳм худамро дошта натавониста, зор-зор гиристам, нисфи талабаҳо ба ҳоли ман механдиданду нисфи дигар бо тараҳҳум ба ман чашм медӯхтанд. Он рӯз ба дарс надаромада, ба хона рафтам, модарам ҳоли зорамро дида, сарамро бағал карда, талх гирист, баъд бо алам тамоми либосҳои додаи очаи Фазиларо ҷамъ карда, ба дасти апаам дод, то бурда ба модараш диҳад. Апаам рафта омада, як лаҳза пас Оишахон-модари Фазила дар рӯи ҳавлиямон пайдо шуд. Ин зан баръакси духтараш хеле меҳрубону самимӣ буд ва аз модарам узр хоста гуфт:
-Дугонаҷон, бубахш, духтари аҳмақи маро, вай мисли аммаҳояш каждумзабон ба воя расида истодааст. Бовар намо, он қадар сарзанишаш кардам, ки гиря карда-гиря карда, хобаш бурд, ӯ маро навозиш карда, ба дастам пул дода гуфт, ки рафта барои худат куртаи нав хар, вале ман пули дарозкардаашро нагирифтам.
Хок дар сари муҳтоҷӣ, модари бечораам, гӯё чизе нашуда бошад, дугонаашро ором карду пули дароз кардаашро гирифт, ӯ ҳатто тарафи Фазиламоҳро гирифта, бо заҳрхандаи маҷбурӣ ҳар лаҳза “хайр, кӯдаканд”, гуфта мемонд. Як ҳафта ба мактаб нарафтам, вале роҳбари синфамон ба хона омада, маро бо худаш ба мактаб бурд. Бо гузашти рӯзҳо ин воқеа фаромӯш гашт, падарам ҳамоно менӯшиду ба лою гил олуда ба хона меомад, зиндагии сагонаи мо идома дошт, аммо бо ақли кӯдаконаам дарк намекардам, ки чӣ даҳшате маро дар пеш аст…
Як шаб падарам масту аласт омада, ба қавли ҳамсояҳо консерт нишон дода хоб рафт, мо ҳамагӣ ду хона ва як айвон доштем, дар як хона ману апаҳоям мехобидему дар дигараш волидонам. Намедонам соат чанди шаб буд, болоям нафас гирифтани сиёҳие маро аз хобам бедор кард. Баъд ҳис кардам, ки сиёҳӣ падарам аст. Ӯ маро мебӯсиду ба ҷойҳои маҳрамонаам даст мебурд, аз тарс дар ҷоям шах шудам… Он вақтҳо синфи ҳафт мехондам, акнун падари бадмастам зуд-зуд ба хоначаи мо даромада, маро азоб медод, ин ҳол ду сол давом кард. Бо падарам гап намезадам, ба рӯяш наменигаристам, модарам баъзан маро ҷанг мекард, ки ба падарам дар дил нафрат напарварам, ки гунаҳгор хоҳам шуд. Оқибат рӯзе уқдаи диламро назди модарам во кардаму ӯ бо ранги парида, “ҳой духтар, чиҳо мегӯӣ» мегуфту халос. Намедонам пас аз ин гуфтугӯи ман бо модарам байни волидонам чӣ гуфтугузор шуд, ки падарам ин кори шайтонияшро бас кард, вале нӯшиданашро напартофт. Солҳо пайи ҳам мегузаштанду мо бо азобҳои зор ҳам бошад, ба воя мерасидем, чун духтарони меҳнатӣ ва сарпаст будем, ба ахлоқи баду майхорагии падарам нигоҳ накарда, моро ҳаққу ҳамсоя келин карданд. Ман низ дар деҳа келин шудам, шавҳарам инсони хуб ва меҳрубонест, Худованд ба мо духтарчаи зебоеро лоиқ дидааст, ки имрӯзҳо ба сесолагӣ қадам мениҳад. Шавҳарам духтарчаамонро зиёд дӯст медорад, вале ман гумон мекунам, ки ӯ низ мисли падари ман аст, зеро дар назарам ҳама мардонро мисли падарам хабис мешуморам. Чун мебинам, ки шавҳарам духтарчаамонро бағал кардааст ё шабона ҳангоми бедор шуданаш назди катчааш меравад, аз ҷоям як қад парида мехезам, чунки метарсам. Падари кофири беимони ман синнаш ба ҷое расида бошад ҳам, арақ менӯшад, атрофиён гумон мекунанд, ки ман танҳо ба хотири майхора буданаш бо падарам гап намезанам, вале онҳо намедонанд… Намедонанд, ки дар пардаҳои чун қоғаз сафеду муҷаллои хотираҳои кӯдакии ман бадари ҳайвонсиратам чӣ нақше гузоштааст, ба падарам нафрат дорам ва ин нафратро ба гӯр хоҳам бурд…
Н….Таснифи Нисо