Падарам маро чун саги дайду аз хона ронду...
Саломи худро ба кулли ҳаводорони ҳафтаномаи “Оила” мерасонам. Хоҳишмандам номаи маро мутолиа намуда, маслиҳатҳои судманди хешро дареғ надоред. Ман ҷавони 24-сола ҳастам. Чанде пеш падарам барои шароб нӯшиданам «дар хонаи ман барои ту барин фарзанди бангӣ ҷой нест» гӯён, маро аз дар берун кард. Дар ҳақиқат хато кардам, ки ҷӯрабоз шуда, ба бангу сигору носу шароб даст задам, вале магар барои як гуноҳ шуда падар ҳақ дорад, ки аз фарзандаш рӯй гардонад? Иқрор мешавам, ки падару модарам пештар маро чанд маротиба сарзаниш карда буданд, ки шабгардиро бас кунам, аммо чӣ қуввае маро ба сӯи майхонаву дискоклубҳо мекашид. Падару модарам борҳо насиҳат мекарданд, ки агар беақлиамро бас кунам, духтараки хуберо ёфта, маро хонадор мекунанд. Кош ҳамон вақт гапашонро мегирифтам, шояд имрӯз овораю дар ба дар намешудам. Намедонам падару модарамро кадом орӯ газид, ки якбора аз ман рӯ гардонида, мисли саги дайду аз дар берун намуданд. Мехоҳам аз онҳо бахшиш пурсанд, вале рӯямро дидан намехоҳанд. Бесоҳибу овора дар кӯчаҳо гаштаам. Ҷӯраҳоям то ҳол занг мезананд, аммо ман дигар бо онҳо робита доштан намехоҳам. Духтарони ошиқ аз пасам медаванд, лекин дар чашмам онҳо ҳам мисли маймун баднамуд метобанд. Ягона чизе, ки мехоҳам, дубора ба хонаамон баргаштан аст. Хатоямро дарк намудам, маро бубахшед, падарҷон!
Фарҳод