Ман аз шаҳри Новгороди Русия бо шумо гап зада истодаам. Медонед, маро чӣ маҷбур кард, ки ба шумо занг занам? Ноодамии падарам. Бо иғвои дигарон вай чӣ балоҳоеро, ки ба сари ману модар ва хоҳару бародарам наовард.
Модарамро бо белу каланд зада аз хона ронд, хоҳарамро қариб бо табар зада кушта буд, бародарамро барои гапгардонияш мурдакўб кард, маро бошад, оқат кардам гӯён, пеш кард. Сабаби ин ҳама азобу ранҷ ва бадбахтиҳои мо майзадагии падарам аст. Занак, пул те арақ харам гуфта, ҳар рӯз ҷони модари бечораамро ба лабаш мерасонд. Оқибат косаи сабри модарам лабрез гашту аз болои ӯ ба суд ариза навишт. Ҳомиёни қонун барои зўровариаш падарамро ба муҳлати шаш сол аз озодӣ маҳрум намуданд.
Гумон кардем, ки дар ҳабсхона ҳуши падарам ба сараш мезанад, вале зиндон ӯро девонатар кард. Баъди ба озодӣ баромадан вай рӯзи моро бештар сиёҳ карда талаб намуд, ки хонаашро зудтар холӣ кунем. «Ман аз чунин зану фарзанд безорам» гӯён, фиғон кашида, чунон дашномҳое дод, ки одами хун доштагӣ тобу тоқати шунидани чунин суханҳоро намекунад. Бародарам ӯро насиҳат карданӣ шуд, вале падарам бо як лагад ўро ба замин афтонда, чунон зад, ки аз ҳуш рафт. Ҳамсояҳоро ба ёрӣ хондем. Падарам барои ӯро ба суд доданаш модарамро талоқ дод ва кўчу бандашро аз дар ба берун партофта, ману хоҳарамро низ «оқатон кардам» гуфта, аз хона берун кард.
Бехонаву дар мондем. Мақсади падарам модарамро куштан буд, вале ҳамсояҳо ҷони ӯро халос карданд. Чанд муддат дар хонаи хешу табор истодем, баъд модарам дар шаҳр кор ёфта моро ҳамроҳаш овард. Бародарам Русия рафт. Баъди шаш моҳи бехонагӣ бо пули равонкардаи бародарам мо ҳам азми муҳоҷират намудем. Айни ҳол дар як корхонаи хурд ба ҳайси зарфшўй кор карда истодаем. Аламовараш он аст, ки моро одами бегона не, падари худамон аз хонаву хонумон маҳрум намуд. Дар назари ин марди беандеша зану духтараш фоҳиша менамоянд. Бардурӯғ модару хоҳарамро туҳмат мекунад, ки гӯё онҳоро таксистҳо мебурда бошанд, мо, писаронашро бошад, дузд баровардааст. Наход падар дар ҳаққи фарзандони худаш чунин туҳматҳои гӯшношунид кунад-а?! Мехоҳам аз минбари «Оила» ба падарам бигӯям:
Агар ту як зарра нангу номуси мардона медоштӣ, ҳеҷ гоҳ дар сини 50 солагӣ занатро талоқ дода, бачаҳоятро хору зору дар ба дар намекардӣ. Пушаймон шуда, ба суроғамон набаро, зеро баъди он туҳматҳои ҳароме, ки дар ҳаққи мо кардӣ, зану духтару писаронат душманат шудаанд. Дар он дунё аз гиребонат мегирем, падар!
Б., муҳоҷир