Arzon march 2024
ПАДАРАМ БА МАНУ КӮДАКАМ ХӮРОКРО БО ДАШНОМУ ҲАҚОРАТ ВА МУШТУ ЛАГАД МЕДИҲАД
6272


Салом хонандагони “Оила”! Ман Шоира, 25-сола, сокини шаҳри Душанбе! Аз ҷабри падар ва заҳри забони янгаву бародарам ҷонам ба лабам расидааст. Ду маротиба қасди худкушӣ намудам, вале худованд ҷони ранҷурамро нагирифт.
Пештар муносибати аҳли хонавода бо ман хуб буд, вале аз вақте ки шавҳарам талоқамро доду номи бади бевазаро гирифта бо як фарзанд ба хонаи падарам баргаштам, рӯзам сиёҳ шуд.

“Дар ҳамин замонаи душвор худамон як бурди нонамонро базӯр меёбем, боз ту бо сағараат дарди сари мо шудӣ” гуфа, падарам ба ман амоман рӯйи хуш намедиҳад. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, янгаам бо ман ҷангу ҷанҷол карда, қаҳр карда аз хона баромада рафт. Бародари занкалонам “барои духтари шумо шуда, ман аз оилаам ҷудо намешавам” гӯён, хонаи иҷора гирифт. Азбаски Умед писари ягона аст, падару модарам ӯро аз ҷонашон бештар дӯст медоранд.

Падарам чанд маротиба ба иҷорахонаи писараш рафта, хост онҳоро баргардонад, вале бародарам дар ҷавоб гуфтааст, ки то Шоира сағераашро гирифта баромада наравад, ман дубора поямро аз остонаи дар ба дарун намегузорам. Падарам маро сабабгори ҳама бадбахтиҳои оилаамон меҳисобад ва мудом “мочахар, агар ту бо ин насли ҳаромат ба хона намеомадӣ, писараму келинам аз хона баромада намерафтанд” гӯён, дашному ҳақоратҳои қабеҳ медиҳад ва ҳатто мезанад. Волидонам маро дар хонавайрон шуданам гунаҳкор дониста “духтар, ки шӯ кард, дар сараш санги осиёбро гардон кунанд ҳам, боят тоқат кунад” мегӯянд, ҳол он ки дар хонавайрон шудани мани бетолеъ худи онҳо ҳам гунаҳкоранд.

Хушдоманам маҳз барои камбағалиам маро аз хона пеш кард. Азбаски падарам камбағал аст, бароям ягон чизи дуруст нахарида, бо чор кӯрпа ба хонаи шавҳар гуселам намуданд. Модаршӯям аз рӯзҳои аввали зиндагӣ “гӯр ақлам шавад, як камбағали почакандаро келин кардаам, на гарнитуру телевизор овард, на мошинаи ҷомашӯӣию чангкашад. Ин духтар, агар як зарра қадр медошт, падару модараш барояш ақаллан як қолини қимат мехариданд” гӯён, ғурбат мекард. Ҳамин тавр ману шавҳарам се сол зиндагӣ карда бошем ҳам, баҳси ҷиҳоз тамом нашуд. Модаршӯям ягон бор номи маро намегирифт, мудом “ҳой арӯси пойлуч” гӯён, садо мекард ва дар назди худиву бегона паст мезад. Аз як тараф суханҳои нешдори хушдоману хоҳаршӯйҳоям, аз ҷониби дигар мушту лагади шавҳари нашъамандам маро дар бадали ин се сол тамоман абгор кард. “Девори каҷ оқибат чапагардон мешавад” гуфтани халқ беҳуда нест, азбасик пойдевори оилаамон ноустувор буд, билохира ману шавҳарам бо як фарзанд аз ҳам ҷудо шудем. Гумон доштам, ки акнун аз ғурбат ва ҷангу ҷанҷол халос мешавам, вале дар хонаи падар рӯзасм бештар сиёҳ шуд.

Рӯзе нест, ки ҳақорат нафаҳмаму шатта нахӯрам. Бечора модарам бо азоб мапро аз чанголи падари бадқаҳрам халос карда, барои бебахтию беқадриам зор-зор мегиряд. Аз зиндагӣ сер шудаам, аллакай ду маротиба қасди худкушӣ кардам, лекин аҷалам нарасида будааст. Ҳар ду дафъа ҳам модарам бохабар шуда, маро аз ҳалқаи дор раҳо кард.

Бемор намебудам, ягон хонаро иҷора мегирифтам ва кӯдакамро гирифта баромада мерафтам, вале мани мариз аробаи зиндагиамро мустақилона кашида наметавонам. Аламам мекунад, ки дар ҳамин замони серию пурӣ ману духтарчаам ба як бурида нон зор ҳастем. Падарам ба ману кӯдакам як коса хӯрокро бо дашному ҳақорат ва мушту шата медиҳад. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?
Бо эҳтиром: Шоира

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД