Sebiston new 2024 october
Падар, ту зиндаӣ?
11637

Ҳар шаб туро дар хобам медидаму мегуфтам, ки рӯзе ҳатман ситоишат хоҳам кард. Аммо ҳар вақте қаламро ба даст мегирифтам, аз тарс боз дар ҷояш мегузоштам. Метарсидам, ки бо ин роҳ дигарон аз дарди дили ман бохабар мешаванд.

Субҳ ба худам ваъда додам, ки имшаб ҳатман васфат мекунам. Дигар аз чизе ҳарос надорам. Шаб ҳам фаро расид. Намедонам аз куҷо сар кунам. Аввал аз нафратам гӯям ё меҳри фарзандӣ? Беҳтараш нафратамро менависам, чунки ман боре аз ту меҳр надидаам. 20 сол мешавад, ки боре ягон сухани хуб аз даҳонат нашунидаам. Ёд дорӣ ягон бор маро “бачам” гуфта бошӣ? Ҳамин қадар мушкил аст, ки якборак ҳамин хитобаро ба забон оварӣ! Боварӣ дорам ҳатто намедонӣ, ки фарзандат ҳоло дар кадом донишгоҳ мехонад. Донишгоҳро тамом карда, дар оянда кӣ мешавад.

20 сол шуд, ки бе ту зодрӯзамро таҷлил мекунам. Дар ин 20 соли умрам ҳатто як бор занг назадӣ. “Писарам, хуб ҳастӣ? Ба ягон чиз ниёз надорӣ?”, - нагуфтӣ. Ба ман ягон чизи ту даркор нест. Ақаллан бигӯ, ки шумораи телефони маро дорӣ ё не?! Боварӣ дорам, ки НЕ!

Ту медонӣ, ки ман донишҷӯ шудааму дар хобгоҳ зиндагӣ мекунам? Ақалан, боре фикр кардӣ, ки фарзандат дур аз хона дар шаҳри бегона аст. Дар куҷо зиндагӣ мекунаду чӣ мехӯрад? Медонӣ, вақте бачаҳо дар бораи зиндагии худашон гап мезананд, ман ҳам гап мезанам. Аммо вакте сухан дар бораи падар меравад, сукут мекунам. Чунки намедонам чӣ гӯям? Хайр, худат гӯ, ба онҳо чӣ гӯям?


Нону намакам кӯрат мекунад, ҷиян!


Қариб ҳар рӯз бачаҳо бо падарашон тариқи телефон суҳбат мекунанд. Аммо ман рақамҳоятро надорам. Ҳатто намедонам, ки ту дар куҷо кор мекунӣ. Тарҳи рӯю симоятро ҳам фаромӯш кардаам. Танҳо медонам, ки ту ҳам дар ҳамин шаҳре зиндагӣ дорӣ, ки ман таҳсил мекунам. Аз он рӯзе метарсам, ки шояд рӯзе туро бинаму нашниносам.

Боварӣ дорам, агар ту дар ҳаёти ман мебудӣ, имрӯз дар хобгоҳ зиндагӣ намекардам. Агар ту имрӯз бо ман мебудӣ, аз доштанат ифтихор мекардам. Аслан, намедонам чӣ гуноҳ кардам, ки маро партофтӣ? Бале, маҳз маро! Чунки бо хоҳару бародаронам гап мезанӣ, вале бо ман НЕ! Чаро аҳволи онҳоро мепурсиву аз маро не! Чӣ, онҳо фарзандони туанду ман не?!

Дар ёдам нест, ки охирон бор кай ота гуфтаам. Ҳа, ёдам омад, вақте дар муҳочирати меҳнатӣ будӣ, бародарам занг зада гуфт, ки “барои ман пул равон кун, то либос харам”. “Хуб” гуфтӣ. Ман ҳам телефонашро дуздида, ба ту занг задам. Баъди саломуалейк гуфтам, ки “ин ман Фирдавс. Ман ҳам либос надорам. Зимистон шудааст. Барои ман ҳам пул фирист”. Вале ту дар ҷавоб “ман пул надорам” гуфтӣ. Ин охирин ҳарфзании мо буд. Имрӯз ба ҳамон суханҳо ҳам зорам.


Марди пешсудшуда бародарашро корд зад

 


Дар зиндагӣ аз як савол сахт метарасам. Агар ба синфхонаамон ягон муаллими нав дарояд, ҳатман барои бо ман шинос шудан мепурсад: “Аз куҷоӣ? Падару модарат чӣ кор мекунанд?”. Медонӣ, ки аз қаҳр чӣ мегӯям? Бо ғазаб ва ҷиддӣ посух медиҳам: “Падар надорам!”

Вақте аз Русия омадӣ, давида пешат рафтам. Бо ту салом кардан хостам. Аммо чун дастамро дароз кардам, рӯятро тарафи дигар гардондӣ! Аммо бо ин ҳама буду нобуд туро дӯст хоҳам дошт. Бале, дӯст хоҳам дошт, чунки ба ман ҳаёт бахшидӣ. Медонӣ, фарзанд маҳз бо роҳбарии падар метавонад дар зиндагӣ пайроҳаи худро ёбад. Ман ҳам сахт мехоҳам, ки дар ҷодаи ҳаёт ту роҳбарам бошӣ. Бо ҳамин умед зиндагӣ карда истодаам. Боварӣ дорам, ки дидорамон дар фурудгоҳ охирин нест. Чунки беҳуда нагуфтаанд, “то зиндагист дида ба дидор мерасад!”

P. S: Ин тарона дарди дили як нафар фарзанди падардору аммо дар намуд бепадар аст, ки аз забони худаш иншо шудааст. Бо хоҳиши муаллиф номашро бо исми рамзии Фирдавс иваз намудем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД