Ин марди 70-сола муддатест, ки бо армуғонсозӣ машғул аст. Ӯ бо истифода аз ҳунарҳои рассомӣ, наққошиву гаҷкорӣ ва аъҷубасозиву ҳайкалтарошӣ армуғонҳои гуногун омода мекунад.
Ҳамзамон, дар намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Литсейи касбии техникии шаҳри Истаравшан маҳсулоти худ ва дигар ҳунармандонро мефурӯшад. Ин макон дар шаҳри ҳунармандони Истаравшан беҳтарин мағозаи армуғонҳои дастии миллӣ ба ҳисоб меравад.
Хабарнигори мо бо ин ҳунарманди хушсалиқа ҳамсӯҳбат шуда, дар мавриди рӯзгори ҷолиб ва ҳунарҳои нотакрори ӯ пурсон шуд, ки фишурдаашро ин ҷо меорем.
Нозукиҳои ҳунари наққошиву гаҷкорӣ ва сохтани армуғонҳои гаҷиро аз писараш Аъзамҷон Додоҷонов, ки таҳсилдидаи Омӯзишгоҳи Саратов буд, омӯхт.
“Аслан меҳри ҳунари рассомӣ ҳанӯз аз овони хурдсолӣ дар дилам ҷой дошт. Хурд будам, ки манзараҳои гуногунро тасвир мекардам. Аз ин рӯ, писарам Аъзамҷон Додоҷоновро дар мактабҳои рассомӣ, колеҷ ва омӯзишгоҳи Саратов гузоштам. Вақте Аъзамҷон ҳамаи нозукиҳои ҳунари рассомиву наққошиву гаҷкориро омӯхт, ман ҳам асрори ин касбҳоро аз вай омӯхтам. Мана, чанд вақт аст, ки ҳамроҳаш аъҷуба ва ҳайкалчаҳои армуғонӣ месозам. Ҳамзамон, манзара ва мавзеъҳои таърихиро тасвир мекунам”, - гуфт ин ҳунарманди кӯҳансол.
Акрамҷон Додоҷонов аз табақчаҳои оҳанӣ, ки замоне маъруф буданд ва мавриди истифодаи умум қарор доштанд, армуғон месозад. Тавре ки худи усто нақл кард ӯ дар ин табақчаҳо расмҳои таърихии Тоҷикистон, аз ҷумла Истаравшани бостонӣ, тоқиҳои миллӣ ва ба ҳамин монанд рамзҳои миллиро наққошӣ мекунад, ки дар натиҷа аз як табақчаи одии ба назар ба касе нодаркор армуғони олиҷанобе ҳосил мешавад.
“Онҳоро ба сайёҳони хориҷӣ ҳамчун як рамзи таъриху тамаддуни тоҷикон ҳадя кардан мумкин аст. Табақчаҳо муддати зиёд зиннатбахши утоқи корӣ, хона ё меҳмонхона мешаванд”, - гуфт усто.
Ба қавли Акрамҷон Додоҷонов, барои омӯхтани ҳунар ё машғул шудан бо ягон навъи касби дигар ҳеҷ гоҳ дер намешавад. Зеро бо ҳунаре машғул шудан ба кас нерӯ бахшида, хастагиро рафъ месозад.
Аз аъҷуба то армуғони ҳархела
Аъҷубасозӣ қадимтарин навъи ҳунари мардумӣ ба ҳисоб рафта, асрҳост, ки соҳибони ин ҳунари аҷиб ба калонсолон завқу фараҳ ва ба кӯдакон бошад, дунёи рангини афсонавӣ ва шодиву нишоти бепоён мебахшанд. Хурдсолакон аъҷубаро ҳамчун ҳуштак низ истифода мебаранд. Акрамҷон Додоҷонов низ аъҷуба месозад. Аъҷубаҳои ӯ воқеан ҳайратовару ғайриоддианд. Яке аз аъҷубаҳояшро аз шаш-ҳафт тарафаш ҳуштак кашидан мумкин аст.
Қаҳрамони мо, дар баробари сохтани аъҷубаҳо, ҳамзамон, ҳайкалчаҳои хурди ороишӣ бо либосҳои миллии тоҷикона месозад. Ба қавли ӯ, ин гуна ҳайкалчаҳо ба кас оромиш мебахшанд.
“Солҳои охир армуғонсозӣ камтар ба назар мерасад. Вале талабот ба армуғон хеле зиёд аст. Зеро бештари сайёҳоне, ки меоянд, бо худ чизи бузург бурда наметавонанд. Аз ин рӯ, армуғонҳои хурд мехаранд. Мо кӯшиш мекунем дар чизҳои месохтаамон нақшҳои миллӣ ва унсурҳои фарҳангу тамаддуни худро инъикос намоем”, - гуфт Акрамҷон Додоҷонов зимни сӯҳбат.
Дасти одамизод - гул
Қаҳрамони мо аъҷуба, армуғон, гулдону пулдон (капилка) муҷассамаҳои хурди ороишӣ, сандуқчаҳои аҷиби мунаққашу назаррабо ва ҳатто пайкараи хурди шоҳ Исмоили Сомониро сохтааст, ки он зеббахши утоқҳост.
Дар ин баробар, Акрамҷон Додоҷонов шишаҳои одии шаробро бо истифода аз гаҷ оро медиҳад, ки онро ҳамчун тӯҳфа бурдан мумкин аст. Ӯ мехоҳад тавассути ҳунарҳои доштааш таърих ва фарҳангу тамаддуни Тоҷикистонро ба хориҷиён муаррифӣ намояд.
“Мо ҳунармандон метавонем ба ин васила таваҷҷӯҳи хориҷиёнро ба худ ҷалб намуда, ҳамзамон фарҳанг ва таърихӣ пурғановати миллатамонро ба сайёҳон нишон диҳем”, - гуфт ӯ дар хотимаи суҳбат.