Бар асари чаппа шудани трактор ба ҷарии 50 - 60 метр дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Данғара, ронанда - падари 56 - сола ҷон бохту фарзанди ӯ сахт маҷрӯҳ шуд.
Ба иттилои ин ниҳод,рӯзи 11-уми октябр, тахминан соати 22:00 дар роҳи автомобилгарди "Темурмалик - Данғара" як трактор ба ҷарӣ чаппа шуд, ки дар натиҷа як хонаводаи маҳаллиро ғамзада кард.
"Ронандаи трактори тамғаи "ЮМЗ", бе рақами қайди давлатӣ, Наботов Маҳмадшарифи 56 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди "Темурмалик-Данғара", дар ҳудуди ҷамоати деҳоти И.Шарифови ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар чуқурии 50-60 метр чаппа кардааст", таъкид мешавад дар хабар.
Дар ҳамин ҳол, худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин мусофираш, фарзанди 18 - солаи ӯ, Наботов Муҳаммад Маҳмадшарифович ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.