Падарро сутуни хонадон ва тарбиятгари аҳли башар мегӯянд, аммо дар ҷомеа тоифаи падароне ҳастанд, ки бо зулму ҷаҳолат ва ба сари оила, фарзандони худ чӣ фалокатҳоеро ба сарашон намеоранд. Рӯз то рӯз раҳму шафқат байни падару писар,модару духтар ва бародару хоҳар намонда, душманию бадбини афзуда истодааст.
Дарди бади фарзандкушию худкушӣ, ки солҳои охир ба мавзӯи доғи ҷомеаи мо табдил ёфтааст, ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик низ сироят намуда истодааст.
Як марди 42-солаи тоҷик дар Русия аввал зан ва ду духтарашро бераҳмона ба қатл расонида, баъдан худкушӣ кардааст.
Ба иттилои Спутник фоҷиа дар шаҳри Шёлково сар зада, ҷасади аҳли оиларо тахминан баъди як моҳ аз манзили зисташон пайдо кардаанд. Манбаъ дар такя ба иттиллои Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд, шаҳрванди 42 – солаи Тоҷикистон Ф. Ёров бо ҳамсари 40 –солааш ҷангу ҷанҷол карда, дар ҷараёни ин моҷарои оилавӣ, аввал зан ва ду духтарашро, ки яке 11 ва дигарӣ 17–сол доштааст, кордборон мекунад ва баъди ба ҳалокат расонидани аҳли хонаводааш сирко менӯшад.
Ҷиноят пас аз он кушода шуд, ки сокинон бӯи нохуше ҳис карда, ба полис занг заданд.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ пас аз шикастани қулфи дар, ҷасади зану кӯдаконро бо захмҳои зиёди корд ва ҳамчунин ҷисми беҷони мардро бидуни осеб пайдо намуданд.
Сарвари оила Ф. Ёров дар Русия дар мақоми сардори Раёсати рушди яке аз ширкатҳои телекоммуникатсионӣ кор мекардааст, вале ба қиморбозӣ дил бохта, бо касофати ҳамин шуғли худ ба ботлоқи қарз ғӯтта задааст. Тахмин меравад, ки маҳз аз рӯйи қарз мард аввал зану фарзандонашро ба қатл расонида, баъдан худкушӣ намудааст.
Тафтишти ҷузъиёти дигари ин қазияи хунин аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.