Салом! Ман як ҷавони ошиқи зор мехоҳам мушкили худро ба шумоён ифшо намуда, аз хонандагони зиндагидидаи сомонаи "Oila" маслиҳат пурсам.
Духтареро аз ҷонам бештар дӯст медорам. Мо ба мисли Фарҳоду Ширин ва Лайлию Маҷнун ошиқи зори ҳамдигар ҳастем ва бисёр мехоҳем риштаи тақдирамонро ба ҳам пайваста, то дами марг ҳаргиз ҷудо нашавем, вале монеаи бузурге дар сари роҳамон пайдо шудааст, ки чӣ гуна аз он убур намуданро намедонем.
Гап дар сари он аст, ки падару модари духтари дӯстдоштаам тамоман ба издивоҷи мо розӣ нестанд. Онҳо мехоҳанд фариштаи ишқу орзуҳои маро ба марди дигаре, ки аз худаш 15-сол калон аст, ба шавҳар диҳанд.
Вақте духтар домоди ёфтаи волидонашро қабул накард, дар наздаш шарт гузоштанд, ки аз ду якеро интихоб кун: мо ё дӯстдоштаат?! Падараш таҳдид кардааст, ки агар ба домоди ёфтаи мо ба шавҳар набаромада, дӯстдоштаи худатро интихоб кунӣ, дониста бош, ки ту дигар падару модар надорӣ. Аз баҳри фарзанде, ки гапи волидонашро намегирад, мегузарем. Риштаи тақдиратро бо дӯстдоштаат пайвастанӣ бошӣ, метавонӣ моро абадан фаромӯш созӣ.
Акнун духтари бечора дар байни дуроҳаи тақдир монда, чи кор карданашро намедонад. Волидони дӯстдоштаам танҳо ба хотири “принсип”-и худ ҳаёти фарзандашонро сӯхта истодаанд. Ба қавли онҳо бо ишқу ошиқи шавҳар кардани духтар шармандгӣ буда, обрӯяшон дар байни хешу табор ва ёру дӯстонашон мерехтааст.
Ман ҳеҷ намефаҳмам, охир ҳамдигарро аз самими қалб дӯст доштани ду ҷавон чи ҷойи айбу шарм дорад?! Ман духтари онҳо надуздидаам, ягон кори баде, ки боиси беобрӯгӣ шавад, накардаам, танҳо дӯсташ медорам ва мехоҳам бо тӯю тамошо ва никоҳи мусалмонӣ азизи дили худро ба занӣ гирифта, хушбахти олам созам. Магар ин гуноҳ аст? Умуман, волидон ҳақ доранд, ки ба фарзандонашон “принсип” монда, духтар ё писарашонро маҷбуран бо касе, ки тамоман ӯро намехоҳад, оиладор кунанд? Фардо оилаи ҳамон духтар вайрон шавад, магар боз падару модараш барои бадбахтии ӯ намесӯзанд?!
Хонандагони азиз! Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи тавр барои ишқи покам мубориза барам?
Замира, хонандаи "Оила"