Arzon march 2024
Озмуни ҷумҳуриявии «100 чеҳраи муваффақ» баргузор мегардад
125

Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, муаррифӣ ва қадршиносии чеҳраҳои гуногункасб, ки давоми сол Тоҷикистонро дар дохил ва хориҷи мамлакат муаррифӣ кардаанд, соли дуюм аст, ки дар кишвар озмуни ҷумҳуриявии «100 чеҳраи муваффақ» баргузор мегардад. Дар ин бора Додхудо Шарифзода, директори генералии Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Маркази рушди зеҳнӣ» ва муассиси озмуни мазкур ба Oila.tj хабар дод.

Зикр шуд, ки озмун бо мақсади ҳавасмандӣ ва қадршиносии нафароне, ки дастовардҳои назаррас доранд, дар пешрафт ва рушди соҳаи худ саҳм гузоштаанд, гузаронида шуда, ғолибон бо ҷоизаҳои кумитаи тадорукот қадрдонӣ мегарданд.

“Зери мафҳуми «100 чеҳраи муваффақ» шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони вазорату идораҳо, хизматчиёни давлативу ҷамъиятӣ, варзишгарон, ҷавонону ихтироъкорон, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, кормандони соҳаи тандурустӣ, блогерон, ҳамватанони бурунмарзӣ, журналистон ва тарғибгарони ғояҳои миллӣ, ки аз рӯи номинатсияҳои дар Низомномаи озмун овардашуда ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд ва баҳри рушди соҳаҳои интихобнамудаашон корҳои бузургеро анҷом додаанд, дар назар дошта шудаанд”, - гуфт Додхудо Шарифзода.

Қайд гардид, ки озмун соли дуюм аст, ки бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Маркази рушди зеҳнӣ» аз рӯйи номинатсияҳои зерин: «Маориф ва илм», «Ҷавонон ва варзиш», «Фарҳанг, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Санъат ва ҳунар, ихтироъкорву барномасозӣ», «Соҳибкорӣ», «Журналистика», «Иқтисод ва молия», «Тарғиби ғояҳои миллӣ», «Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ», «Хизмати давлатӣ», «Тандурустӣ», «Блогерон», «Шаҳрвандони бурунмарзӣ» ва «Футбол» баргузор мешавад.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки номинатсияҳои блогер, ҳамватанони бурунмарзӣ ва футбол танҳо имсол ба озмун илова шудаанд.

Барои маълумоти бештар хоҳишмандон метавонанд ба рақамҳои +992 788 99 99 93 (Watsapp ва Telegram) муроҷиат намоянд. Озмун моҳи сентябр оғоз гардида, қабули ҳуҷҷатҳо то моҳи ноябр идома меёбад. Маросими ҷамъбаст ва супоридани ҷоизаҳо дар моҳи декабр ба нақша гирифта шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД