arzon replenishment
ҚОТИЛОНИ МАҲМАДРАҶАБ ДАСТГИР ШУДАНД!
2489

Маҳмадраҷаб ҳамагӣ 38 сол дошт. Ин шахси беозору меҳнатдӯст орому осуда дар шаҳри Турсунзода, ҷамоати деҳоти Сешанбе, деҳаи Бозоров умр ба сар мебурд. Маҳмадраҷаб ҳар субҳ бо мақсади хӯрондани оилааш сари чамбараки мошин нишаста, мусофиркашонӣ мекард. Ӯ ҳатто ба гӯшаи хайёлаш намеовард, ки рӯзе сайди гурӯҳи қотилони бераҳму хунхор мегардад.

Ҳодисаи мудҳиш ба сари Маҳмадраҷаби ҷавонмарг рӯзи 10-уми декабр омада буд. Ба автомобили ӯ ҷавонони бераҳм бо мақсади ғорат намуданаш савор шуда, аз ҷониби кормандони ВКД муайян гардидааст, ки ин ду ҷавон бо маслиҳати пешакӣ бо мақсади дарёфт намудани маблағи пулӣ Маҳмадраҷабро аввал аз қафо бо сими алюминӣ буғӣ намуда, баъдан чанд маротиба ба баданаш корд халондаанд.

Маҳмадраҷаб Шукуров илоҷи раҳо ёфтан аз дасти қотилони бешавқат надошта, дар натиҷа ҷон ба ҳақ супурд.
Нафси бад бар ҷавону навраси нохалаф ғалаба намуду онҳо ҷасади беҷону оғуштаи хуни Маҳмадраҷабро ба ҷӯйбор ҳаво дода, худ бо сабукрави марҳум аз ҷойи ҳодиса ғайб заданӣ шуданд. Аммо...
Беҳуда нагуфтаанд “Бори каҷ ба манзил намерасад”, чунки қотилон бо мошини Маҳмадраҷаб ба даруни латок заданд.

Онҳо як адад телефони мобилӣ ва 220 сомониро гирифта, фирор намуданд.
Кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти одамкушӣ шаҳрванд Зиёдуллоев Аъзамҷон Азизовичи 18 сола, сокини шаҳри Турсунзода, ҷамоати деҳоти Навобод ва нафари дигар ноболиғи 17-сола , хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимиро дастгир карданд.

Барои саблағ шуда, ин ду нафар ҷавону наврас боқимондаи умри худро паси панҷара мегузаронанд. Бар зами ин бо ин кирдори ношоямашон ноновари як оиларо аз ҳаёт маҳрум намуданду чанд кӯдакро ятиму дастнигари дигарон намуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД