Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми ду гумонбар дар қатли ду духтари ҷавон дар ноҳияи Варзобро содир кардааст.
Тибқи иттилои дафтариматбуотии додгоҳи пойтахт, додгощи шаҳри Душанбе рӯзи 22 ҳукмро алайҳи ду сокини 28-солаи пойтахт - Дониёр Сафаров ва Саъдулло Раупов, ки дар куштори ду духтар, ки бо бераҳмии махсус содир шудаанд, айбдор мешаванд, эълон кард.
“Ҳамин тариқ, бо ҳукми суд Сафаров Дониёр Каримович дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в, з” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 22 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт ва Раупов Саъдулло Абдуллоевич бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в, з, п” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш махсус маҳкум карда шуданд”,-афзудааст манбаъ.
Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз пайдо шудани ҷасади ду ҷавонзани бедаракшуда аз Душанбе, Ҳайдарова Замирамо ва Меҳрафрӯзи Холмирзо хабар дод, ки дар пайи озори ҷинсӣ ба қатл расонда шудаанд.
Тибқи иттилои ВУД, Ҳайдарова Замирамо, соли таваллудаш 1991, сокини кӯчаи Алишер Навоии шаҳри Душанбе ҳанӯз моҳи январи соли 2018 ва Меҳрафрӯзи Холмирзо, сокини 18-солаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ моҳи апрели соли равон бедарак шуда буданд. Ҷасади ҳардуяшон ахиран дар як ғоре дар теппаҳои болои деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб пайдо карда шуд.
ВкД бо иттиҳоми қатли Замирамо ва Меҳрафрӯз сокинони шаҳри Душанбе - Дониёр Сафаров ва Раупов Саъдуллоро боздошт карда буд.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки Дониёр бо Замирамо робита дошта, пайваста ӯро дар заминаи рашку нофаҳмӣ латукӯб мекардааст. Ба иттилои ВУД, Сафаров ва Раупов соли 2018 Замираморо баъди латукӯб, дар бағоҷ бор карда, шабона дар ғори болои Харангон шиканҷаю озори ҷинсӣ дода, ба қатл расондаанд.
Ин ниҳод афзуд, ки ҷинояти дигарро Раупов Саъдулло, ки ба мусофирбарӣ машғул будааст, содир кардааст. Ӯ Меҳрафрӯзи Холмирзоро ҳамчун мусофир савори мошинаш карда, баъди рад кардани алоқаи ҷинсӣ латукӯб ва ба қатл расондааст. Ҷасади дуюмро низ ба ғоре бурдаст, ки қаблан ҷасади Замираморо дар он пинҳон карда будаанд.
Ёдовар мешавем, ки аввалин шуда хабарнигорони сомонаи “Оила” хабари гум шудани Меҳрафрӯзи Холмирзоро нашр карда, бо худи модари марҳум ҳамсӯҳбат гашта буданд. Пас аз нашри навори видеоии мо, корҳои ҷустуҷӯйӣ қувват гирифтанд ва ниҳоят моҳи сентябри соли равон гиреҳи ин муаммои сарбаста кушода шуда, ҷасади ин духтараки ормониро (як пояш набуд) аз як ғори деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб пайдо намуданд.