Вақтҳои охир дар ҷомеаи мо ҳодисаҳои нохуши барои ҳар як майда-чӯйда аз гиребони якдигар гирифтану қасди ҷони ҳамдигар намудани ҷавонон хеле зиёд рӯй медиҳанд, ки ин аз костагии ахлоқ ва аз байн рафтани ҳисси раҳму шафқат далолат менамояд. Чанд рӯз қабл дар ноҳияи Б. Ғафурови Вилояти Суғд боз як куштори ваҳшиёна сар зад.
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 61-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 26-уми марти соли 2021, тахминан соати 08:00, дар кӯчаи Зарбдори ҷамоати деҳоти Хистеварз бо марди 57-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур муноқиша карда, бо бели дар дасташ буда 1-маротиба ба сараш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар шуъбаи эҳёи беморхона бистарӣ гардонида шудааст.
Номбурда, рӯзи 4-уми апрели соли 2021, тахминан соати 23:10-дақиқа, аз ҷароҳати бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.