ДАВОМАШ...
Муаллима ва модарамон бом о хайрухуш карда рафтанд. Бо муаллимаи навамон танҳо мондем. Дарси аввали мо муаллима шиносоӣ буд.
Ҳар яки мо хеста дар бораи худ ба муаллима маълумот додем. Ман муш газидагӣ барин хомўш будам. Акнун мо мисли гузашта дар як синф нишаста бо як муаллима дарс намехондем, балки ҳар як дарсро дар кабинетҳои махсуси ҳамон фан мехондем. Фурсати аз як синф ба синфи дигар рафтан барои масхара кардани ман кофӣ буд. Бачаҳои дигар синфҳо ҳам ҳангоми аз пешам гузаштан Тешача гуфта мегузаштанд. Задану ҳақорат кардан ба онҳо фоида надошт.
Рўзи ҷумъа соати якум дарси адабиёт доштем. Вақте ки ба синф даромадем, расми калони Садриддин Айнӣ дар назди тахтаи синф овезон буд. Дар болои мизи муаллим китобҳои хурду калони бадеӣ гузошта шуда буд. Дар назди китобҳо расмҳо низ буд. Ҳангоми дар бораи Айнӣ гап задан, муаллим расмҳоро як-як нишон медод. дар расмҳо ҳаёти Айнӣ аз давраи мадрасахонӣ то нависандаи бузург шуданаш тасвир шуда буд. Азобу машаққати Айниро фаҳмида, хеле ғамгин шудам. Ба касе аҳмият надодам. Акси Айнии зери шамоқ монда аз пеши назарам дур намешуд. Фикрам ба вай банд. Чӣ тавр ба хона расиданамронадониста мондам. Дар хона касе ба ман аҳмият надод. Ҳатто очаҷонам мисли ҳар рўза маро оғуш накард, набўсид, ҷузвдонамро аз дастам нагирифт. Аз кисааш ҳар чиз бароварда ин барои ту нагуфт. Дилам танг шуд. Гоҳ ба падару модарам, гоҳ ба очаҷонам нигоҳ мекардам. Падарам ҳезум майда мекардан, модарам кафгирикалон дар даст ошро барои дам партофтан тайёр мекард. Очаҷонам лаълиҳоро барои ошбардорӣ бо сачоқчае тоза карда, тайёр мемонд. Бародару хохарам ҳезумҳои зиёдатиро мекашониданд. Мунтазири таваҷҷўҳи онҳо дар назди дари хона истодам. Ногоҳ чашми модарам ба ман афтод: «Омадӣ писарам? Зуд либосҳоятро иваз карда пеши мо биё» -гуфту тамом. Ноилоҷ либосҳоямро иваз карда, бо димоғи сўхта ба наздашон рафтам. Бўи оши болазат иштиҳоямро кушод, дар даҳанам об ҷамъ шуд. Очаҷонам чун ҳарвақта аввал барои мо ош кашид. Лаъли оши сергўштро дида, зиқиямро фаромўш кардам. Ман чунон тез ва боиштиҳо мехўрдам, ки даҳону дастонам лаҳзае аз ҷунбидан намемонданд. Ман ба ин ҳол вақте пай бурдам, ки аллакай шикамам сер шуда буд. Ҳамроҳи модарам лаълиҳои ошро ба ҳамсояҳо бурдем. Сабаби ош пухтани очаҷонамро касе ба ман нагуфт. Аслан фаҳмидани онро ба худ зарур надонистам ва аз касе напурсидам. Аз кашидани лаълиҳои ош, ких еле монда шуда будам, аз ҳама пеш худро дар оғўши ҷойгаҳи нарм партофтам.
Субҳ бо гиряи очаҷонам бедор шудам. Вай мисли ҳарвақта ба аксе нигариста мегирист. Оҳиста аз ҷоям хеста нўг-нўги по рафта дидам, ки акси шавҳараш аст. Дилам ба ҳолаш месўхт. Вай доим субҳро бо рехтани ашк ба болои акси шавҳару писаронаш пешвоз мегирифт. Бисёр вақт аз худам мепурсам, ки ин қадар об дар чашмони вай аз куҷо меомада бошад? Ҳатто як бор инро аз модарам пурсидам. Вай об не,-писарам, сарамро сила карда гуфт ў, балки дарду алами дилаш аст. Ин ҷавоби модарам сабаби дар зеҳни ман пайдо шудани саволҳои зиёд гардид.Ба маънои томи он ман баъди аз даст додани очаҷонам сарфаҳм рафтам,вале он лаҳза боиси ҳайрониям шуда буд.
Рўзи душанбе соати дуюм дарси адабиёт доштем. Бесаброна мунтазири ин дарс будем,чунки муаллим дар бораи асарҳои бузурги Айнӣ ба мо маълумот медод. Бо шавқи тамом ба синф даромадем. Болои мизи муаллим ҳамоно пур аз китобу расм буд. Муаллим китобчаи дар боло будагиро бардошта ба мо нишон дод. Одина гуфтем якҷоя. Баъдан вай расмҳоеро, ки дар онҳо ҳаёти Одина тасвир шуда буд, як-як нишон дода,дар бораи повест маълумот дод. Бо шунидани марги Одина худдорӣ карда натавониста гиристем. Муаллим моро ором карда,китоби дигарро нишон дод.Ятим гуфтем.Дар бораи ин асар низ гап задан гирифт. Вақте ки дар хонаи бой Ятимча ном гирифтани Шодиро гуфт,бачаҳои синф хандиданд. Муаллим ғазабнок шуда сабаб пурсид. Шаҳром дар ҳоле ки худрпо базўр аз ханда нигоҳ медошт, ба чашмони муаллим нигоҳ кард.
-Ўро дар чандсолагияш Ятим гуфтанд? Боз баланд хандид.Муаллим абрувони ғафси худро боло бардошта,бо чашмони ғазаболуд ба вай нигарист.Ман муаллимро дар чунин ҳол дида фикр кардам,ки ўро мезанад. Дар ҳамин вақт Саттор аз ҷой хеста аввал аз муаллим узр пурсид, баъд бо ҳамон ханда гуфт:
-Барои он мо кай Ятим гуфтани ўро фаҳмидан мехоҳем, Тешачаамонро Теша гўем.То ин вақт ман ба муаллим менигаристам. Бо шунидани сухани Саттор ва хандаи аҳли синф мисли хаси дар оташ афтода сўхтам.Чӣ?-Гуфта бошаст аз ҷоям хестам. Як қувваи бузурги мағлубнашаванда дар вуҷудам пайдо шуд.Бо як даст аз гиребони Саттор гирифта,ба девор задам.Сараш кафид,хун ба руяш шорид,аммо дилам хунук нашуд.Чанд мушти дигар задам. Даст ба гиребони Шаҳром бурдам. Аз тарс меларзид, чизе мегуфт,вале ман намешунидам. Муаллим моро ҷудо карданӣ шуда, гоҳ аз даст гоҳ аз поям меқапид, ба тарафи худ мекашид. Натавонист. Ҳозир ҳамон лаҳзаҳоро ба хотир оварда худам ҳайрон мешавам. Чӣ тавр соҳиби он қувваи бузург шуданам ҳоло ҳам номаълум аст. Бо сару рўи пур аз хун худро ба берун задам. Аз алам зор-зор мегиристам. Модарам, ки дар назди дарвоза бо зани ҳамсоя гап мезад,маро дар ин ҳол дида аз тарс меларзид,бо рўймолаш сару рўямро тоза мекард.Ба ҳавлӣ даромадем. Болои кат нишаста гиристам.Ба саволи касе ҷавоб намедодам.Худро ба даст гирифта,авввал ба очаҷонам баъд ба модарам нигариста бо овози баланд гуфтам:
-Аз ҳамин номи мондаатон сад бор безорам.Ба теша монанд будам,ё дигар ном наёфтед? Қаҳтӣ буд дар ном?Аз Теша ном мондан маро vtreintl ,бетар буд.Агар номамро иваз накунед ё худамро мекушам ёТешача гуфтагиро.
Модарам ба очачонам нигарист,чеҳраи вай тағйир ёфт.Ожангҳои гирди лабу чашмонаш ба ҷўш омаданд. Дар чашмонаш ашк ҳалқа зад.Чизе намегуфт. Ба фикрам дар он лаҳза аз дарди ман дида дарди вай зиёдтар буд.Хомуш буд,аммо ожангҳои рўяш бозгўи ҳолаш.Дар он авқт ба фикрам писарашро ба хотир овард.Ҳамон Тешабойро.Тешабое,ки ягон бор аз номаш шикоят накарда буд.
ДАВОМ ДОРАД...