Бероҳа
Гулбегим дар оилаи Назари ронанда, ки марди ботақвою меҳнатӣ ва худотарс буд, ба дунё омада ба воя расид. Модараш дар фермаи хоҷагӣ говҷӯш буду падараш ронандаи мошини боркаш. Дар оила се нафар духтару се нафар писар буданду касе аз тарбияи онҳо шикоят надошт. Гулбегим духтари хурдии хонавода буду падару модар ба ӯ меҳри хоса доштанд. Оҳиста-оҳиста бародаронаш хонадор шуданду апаҳояш низ ба шавҳар баромаданд. Гирди номи ягонтои онҳо гапи баде паҳн нашуда буд, аммо Гулбегим…
Духтари хурдии хонавода ҳамин, ки синфи ҳаштум шуд, алаккай ба бачабозӣ оғоз кард. Бародаронаш аз роҳи рост берун шудани хоҳарашонро дида, ӯро баъди синфи нӯҳ аз мактаб гирифтанд, аммо тарки одат амри маҳол гуфтагӣ барин, духтар чашми пайвандонашро хато карда, ба оғӯши ин ё он ошиқаш медавид. Дар деҳа овозаи бадгардии Гулбегим паҳн шуда буду касе ба ӯ хостгор намефиристод. Падару модар ва бародаронаш, ҳамеша пироҳани ларза ба тан мегаштанд, ки духтари беақлашон кореро ба сар набарад. Апаҳояш низ аз тарси таънаи шавҳарону пайвандони онҳо то метавонистанд, Гулбегимро насиҳат мекарданд, аммо ба гӯши ин духтари беақл насиҳат намедаромад. Ӯ на ба ягон кори хона завқ дошту на ба ҳунар омӯхтану чизи дигар, ҳатто гиряҳои зор-зори модараш дили ӯро нарм намекарданд. Бечора холаи Моҳбегим шабу рӯз ба даргоҳи Худо зорӣ мекард, ки духтарашро ба роҳи рост ҳидоят кунаду соҳиби хонаву дар гардонад…
Хандаи бахт
Янгаи калонии Гулбегим як хеши дурашон буд, ки пайвандонаш дар ноҳияи ҳамсоя мезистанд. Амина ҳоли зори шавҳару хусуру хушдоманашро медонист, аз ин рӯ, аз ноҳияи худашон барои Гулбегим шавҳар ёфт. Хостгорон хонаводаи камбизоате буданд, ки аз дори дунё як писар доштанд. Ҷавон дар Русия муздурӣ мекарду зиндагии волидонашро пеш мебурд, ҷавони меҳнатӣ ва хубе буд. Аз омадани хостгорон ҳама хушнуд буданд ва касе аз Гулбегим напурсид, ки шавҳар кардан мехоҳӣ ё не? Дар як муддати кӯтоҳ тӯйе ороста, ӯро бо сад зориву тавалло ва панду насиҳат ба хонаи шавҳараш гуселониданд. Назари ронанда барои духтараш ҷиҳози хубе омода карда буд, хусуру хушдоман ва шавҳараш Гулбегимро хеле хуб қабул карданду зиндагии оилавияш низ хеле хуб оғоз ёфт.
Самад, шавҳари Гулбегим ду моҳ бо арӯсаш буд ва бо сар шудани гармиҳо ба Русия сафар кард. Дар қади Гулбеги кӯдак пайдо шуда буд ва хушдоманаш намемонд, ки ӯ дасташро ба косаи тар занд. Арӯс танҳо корҳои сабукро анҷом медод, хамир кардану нон пухтан ба ӯҳдаи хушдоман ва молу ҳолу кори замин ба души хусур буданд. Самад ҳар моҳ маблағ мефиристоду зиндагии оилавии онҳо хеле хуб ҷараён дошт. Бо гузаштани муҳлати ҳомиладорӣ Гулбегим духтараки нозанине ба дунё оварду сари хусуру хушдоманашро ба осмон расонид. Самад низ бо тӯҳфаҳои зиёд аз Русия омада, духтарчаашро диду муддате бо онҳо истода, боз ба Русия рафт…
Тарпоча
Пас аз рафтани Самад дар наздикии хонаашон сохтмони мактаби дуошёна сар шуду хушдомани Гулбегимро раиси ҷамоат он ҷо ошпаз таъин кард. Раиси ҷамоат ба ин хонавода хешӣ дошту мехост ба ҳамин восита ба эшон кӯмак намояд, акнун хола рӯзе се маротиба барои сохтмончиён хӯрок тайёр мекард. Гулбегим низ зуд-зуд он ҷо рафта меомад, баъзе вақтҳо ба ҷойи хушдоманаш худаш хӯрок тайёр мекард ва…
Дар байни сохтмончиён Расул ном ҷавонмарди қоматбаланди абрӯсиёҳе буд, ки ба Гулбегим ба назари харидорӣ менигарист. Ин нигоҳҳо аз назари ҷавонзан, ки ба қавли мардум «дар таги пӯсташ» тарпочагӣ буд, пинҳон намонд. Ӯ чашми мардумро хато карда, ба нигоҳҳои Расул бо табассум ҷавоб медод ва оқибат, тири нигоҳаш ба дили ҷавон кора карду онҳо ба вохӯрдан оғоз карданд.
Акнун аз рӯйи маслиҳати Расул келини тарпоча ду-се шаб пас дар хӯроки хусуру хушдоманаш доруи хоб меандохт, ҳатто ба ҷони духтаракаш раҳм накарда, ба ӯ низ дору мехӯронду то рӯз бо Расули аз оини ҷавонмардӣ бехабар ба айши ҳаром машғул мешуд. Гулбегим ба Расул ошиқи зор шуда, тайёр буд, ки аз баҳри хонаву дараш гузашта, ҳамроҳи ӯ бошад. Вале Расул ба ӯ гуфт:
-Ман аз падару модарам хеле хурд ятим монда, дар хонаи бибию бобои падариям ба воя расидам, вақте бибию бобоям вафот карданд, амакҳоям маро аз хона ронданд. Акнун мард шудиву зиндагии худатро ёб гуфта, хотирамро ҷамъ карданд, ман туро ба куҷо мебарам? Ҳоло сабр намо, канӣ чӣ мешавад…
Аммо Гулбегим аз зумраи одамоне набуд, ки ин гуна ҳарфҳо ба гӯшаш дароянд ва нақшаи хунине кашид…
Андешаҳои даҳшатбор
Гулбегим, ки на саводи кофӣ дошту на ақлу тамиз, пеши худ қарор кард, ки аввал аз хусуру хушдоман, баъд аз шавҳараш халос шуда, дар ҳамин хонаву дар Расулро мегираду зиндагияшро пеш мебарад. Бечора хусуру хушдоман ва Расули меҳрубон, ки ҳар шаб ба ӯ занг зада, дар гӯшаш таронаи ишқ мехонданд, ба гӯшаи хотир ҳам намеоварданд, ки дар бешаи андешаҳои торики келинчаки наҳифандом гурги ваҳшии ҷаҳолат хуфтааст. Гулбегим аз анҷомхонаи хусураш доруи заҳролудеро, ки барои нобуд сохтани ҳашароти полезӣ ба кор мебурданд, ёфта дар шишачае каме рехта гирифт. Хусураш ба вай гуфта буд, ки як зарраи он метавонад одамо кушад ва онро дар баландие овехта монда буданд. Дору моеи ширмонанди бебӯй буд ва Гулбегим як шаб онро дар косаи ҷурғоти хусураш омехта карда дод. Рӯзи дигар мӯйсафеди сиҳату саломати шаступанҷсоларо дар ҷойгаҳи хобаш мурдаи шахшуда ёфтанд. Аз даҳонаш хафобаи бисёре рафта буд, аммо касе ҳатто нагуфт, ки ӯро ба духтур бареду санҷед, ки сабаби маргаш чист? Самад бо ҳоли фигору зору гирён баъди дафни падараш омад, Гулбегими маккор аз ҳама зиёдтар «тағоим вой» гуфта мегирист. Аммо дар дил хурсанд буд, ки аз як монеа халос шуд. Ҳангоми дар хона будани шавҳараш ҳам ӯ илоҷ ёфта, бо Расул вомехӯрд, аммо дар бори нақшаи хунинаш ба ҷавон нагуфт.
Фишори хуни хушдоманаш зуд-зуд баланд мешуду ӯ ба бистар меафтод, Гулбегим инро ба назар гирифта, хост дар мавриди муносиб аз хушдоманаш ҳам халос шавад, баъд масъалаи шавҳарашро мебинад. Бо ҳамин мақсад як дег оши буридаи серкабудӣ пухту барои хушдоманаш дар табақчаи чӯбӣ ва барои шавҳарашу ду меҳмони дигар, ки барои фотеҳахонӣ омада буданд, дар косаҳо кашид. Ӯ дигар ба касе аҳамият надода, боқимондаи хӯрокро кашида, барои сохтмончиён гирифта бурд. Баргашта, худаш низ як коса аз хӯрок хӯрда, хонаи хобаш даромад, баъди чанде авҳоли ҳама нишастагон бад шуд, ғайри хушдоманаш.
Гулбегим хабар надошт, ки баъди рафтани ӯ ҳамсоя ба хушдоманаш як коса биринҷоба овардаасту кампир табақашро пеши Самаду ду марди фотеҳахон гузоштааст. Онҳо ғайри хӯроки худашон як пиёлагӣ аз хӯроки заҳролуд низ хӯрданд…
Худозада
Духтурон ба зӯр Самаду як нафар меҳмонро аз дами марг наҷот доданд ва як нафар хешованди сисолаашонро заҳри қотил ҳалок кард. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ Гулбегимро ба шуъбаи корҳои дохилӣ бурданд ва ӯ ба гуноҳаш қоил шуд ва гуфт, ки ҳамаи инро ба хотири ишқи Расул кардааст. Чун Расулро бо дастони баста оварданд, ӯ аз даҳшат карахт шуд…
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ мӯйро аз хамир ҷудо карданду бегуноҳии Расул ҳам исбот шуд. Гулбегимро ба муҳлати бисту ду сол аз озодӣ маҳрум намуданд. Амаки Назар ва холаи Моҳбегим ӯро дар сари суд оқ карданд, бародаронаш ҳатто ба суд нарафтанд. Инак, ду сол боз ӯ маҳбасӣ аст. Самад баъди шифо ёфтан хонаву дарашро фурӯхта, духтарчаашро ба хонаи бачаҳо супорида, модарашро гирифта, ба Русия рафт. Аз дасти як зани беандешаву дур аз ҳаё, ду инсон ин ҳаётро падруд гуфтаву оилае вайрон, кӯдаке зиндаятим шуд. Ба пешонаи пайвандони худаш як умр тамғаи шармандагӣ зада шуд, Гулбегими Худозадаро маҳбас тарбият мекунад ё не, Парвардигор медонад…
Дилошӯб