arzon replenishment
ОШРО ХӮРДА,БАРОИ ТОҶИКИСТОН ДУО КУНЕД!
1539

Мусаллам касеро бувад рӯза дошт,
Ки дармондагонро диҳад нону чошт.
Вагарна чӣ ҳоҷат, ки заҳмат барӣ,
Зи худ бозгириву ҳам худ харӣ.

Некӣ кардан дар ҳаққи ятимон, беморон, бекасон ва дигар афроди ниёз ба дастгирӣ дошта, амали хайру савоб буда, подоши зиёде дорад. Худованд бандагони накӯкору хайрхоҳашро дӯст медорад ва аз ҳар хайру эҳсони эшон хушнуд гашта, файзу баракати зиндагиашонро афзун мегардонад.

Ба хотири дарёфти ризои офаридгор дар моҳишарифи рамазон, ки моҳи хайру эҳсонаст, яке аз соҳибкорони муваффақи тоҷик Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Мурдов барои қариб 5000 нафар ятимон, беморон, маъюбон, одамони бекасу танҳо ва дигар шахсоне, ки дар хобгоҳҳо умр ба сар мебаранд, оши хайрия ташкил кард.

Бо амри ин марди дарёдил беҳтарин ошпазҳои пойтахт дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт ҷамъомада, бо истифодаи қариб 700 кг биринҷ дар 14 деги калон ош пухтанд. Тибқи нақша ин оши бисёр бомазза, ки ошпазҳои моҳиронро бо риояи тамоми талаботҳои санъати ошпазӣ тайёр карда буданд, бояд ба 4442 нафар сокинони шаҳри Душанбе, ки дар 22 хобгоҳи умумӣ умр ба сар мебаранд, тақсим карда мешуд, аммо “бӯйи мушк пинҳон намонад” гуфтагӣ барин, аз гирду атроф, ҳатто аз баъзе навоҳии атрофии пойтахт низ хабари оши хайрияро шунида, одамон ба ин макон ташриф оварданд. Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов касеро ноумед гусел накарда, ба беш аз 500 нафар ош дод. Барои он ки одамони рӯзадор дар ҳавои гарм сарсону саргардон нашаванд, бо дар назардошти шумораи сокинони ҳар як хобгоҳ дар корсонҳои нави калон-калоношро то таги дари хобгоҳҳо бурда, аз масъулин хоҳиш карданд, ки ош, нон,помидор, бодиринг, обҳои газнок ва яхмосро байни мардум баробар тақсим намоянд.

Дар байни шахсоне, ки аз ин кӯмаки хайрияи соҳибкори муваффақи тоҷик баҳраманд гаштанд, мо дарони танҳо низ кам набуданд. Яке аз чунин занҳо Сафарова Ганҷина мебошад, ки солҳои дароз бо модари пири маъюб, апаи шавҳармурда ва ду фарзанди ятимаш дар хобгоҳ умр ба сармебарад. Ганҷина аз ин амали Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов бисёр хурсанд шуда, дуо кард, ки кош дигар соҳибкорони тоҷик низ аз ин марди хайрхоҳ дарси ибрат бигиранд.

Қурбоной Раҳмонова кӯдаки маъюб дорад. Духтарчаи 7-солааш аз пойи равон маҳрум аст. Пештар ин зан ронандаи троллейбус шуда кор мекард, вале ба хотири ҷигарбандаш маҷбур шуд, ки аз баҳри ин кор гузашта, фаррош шавад. Албатта зиндагӣ дар хобгоҳ осон нест ва Қурбоной аз амали неки соҳибкор хеле хурсанд шуда, мегӯяд кош шумораи чунин шахсони накӯкор дар кишварамон бештар гашта, дасти ӯ барин оилаҳои ниёзманду мӯҳтоҷро бигиранд.

Шавҳари Назокат Муродова аз соли 2015 инҷониб бе ному нишонаст. Мардикорӣ меравам гуфта, ба Русия рафту боҳамин бедарак гашт падари бачаҳояш. Зан маҷбур шуд, ки миёнашро маҳкам баста, барои фарзандони падардори бе падарашҳам падар ва ҳам модар шавад. Зиндагӣ кардан дар хобгоҳ душвор бошад ҳам, Назокат Худоро шукр мегӯяд, ки дар кӯча нестанд ва бачаҳояш дар болои сарашон ҳамин як шифти хобгоҳро доранд. “Субҳ шунидам, ки имрӯз акаи Маҳмудҷон ош медодаанд, бисёр хурсанд шудам. Дар моҳи шарифи рамазон дили ман барин камбағалонро шодгардониданд,дуо мекунад Назокат Муродова.

Момаи Рислат 70сол дорад ваҳаёти сангинеро аз сар гузаронидааст. Писари яккаву ягонаашро замони ҷанги шаҳрвандӣ куштанд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, шавҳараш “ту, агар бачама нонхарӣ равонна мекардӣ, шояд ӯро намепаронданд” гӯён, дар марги фарзандаш ӯро гунаҳкор карда, костюмашро гирифту барома дарафт. Хабари оши хайрияро шунида, ин зани кӯҳансоли танҳо аз ноҳияи Рӯдакӣ ба маҳаллаи Гипрозем омадааст ва дар ҳаққи касоне, ки дар моҳи мубораки рамазон чунин иқдоми хайрхоҳона намуданд, дуои нек карда мегӯяд: “Дили мани ғамзадаро шод кардед, Худованд ҳаргиз ғаму дардро ба даргоҳи шумо   наздик шудан нагузорад ва ҳар кафи хоке, ки ба даст мегиред, дар кафатон зар шавад!”

Маҳмудҷон Муродов аз мардуми ба оши хайрия омада хоҳиш кард, ки барои тинҷиву оромии Тоҷикистон дуо кунанд, зеро ободии ҳар як инсон ва ҳар як хонадон маҳз аз ободии Ватан сарчашма мегирад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД