Сарошпази моҳир аз кишвари Гана Файлати Абдулразоқ барои ба даст овардани рекорди ҷаҳонӣ муддати 227 соат бе танаффус хӯрок пухтааст.
Зимни мусоҳиба бо расонаҳои маҳаллӣ, ноиби президенти Гана Маҳмуд Бавумия аз дастоварди Файлат ситоиш карда, гуфт, ки агар инсон сидқан талош намояд, ба тамоми орзуҳои худ ноил мегардад.
Рекорди қаблӣ доир ба хӯрокпазии дарозмуддат насиби сарошпази ирландӣ Алан Фишер буд, ки 119 соату 57 дақиқа давом карда буд.
Тибқи қоидаҳои рекордҳои Гиннес, ошпазҳо дар рафти мусобиқа дар ҳар як соат имкони 5 дақиқа истироҳат карданро доранд.