Салом! Ман Адиба ном дугонаи ҷонӣ дорам. Вай чанд сол боз ҷавонеро дӯст медорад, аммо падару модараш ӯро ба як хеши худашон ба шавҳар доданиянд. Дугонаам шабу рӯз гиря мекунад.
Ҳайронам, ки чаро баъзе падару модарон дар асри ХХI зиндагӣ карда истода, ҳанӯз мисли одамони замони феодалӣ рафтор мекунанд?! Чаро намегузоранд, ки ҷавонон ҷуфташонро бо майли дили худашон интихоб намоянд? Духтаронро маҷбуран ба шавҳар медиҳанд, писаронро бар хилофи хоҳишу табъи худашон хонадор мекунанд, баъд, вақте ки бо ҳамдигар забон ёфта натавонистанду оилаашон вайрон шуд, барои бахти сӯхтаи фарзандонашон ашки талх рехта, ҳамаашро ба тақдиру насиб нисбат медиҳанд. Ҳаёти фарзандони худро месӯзанд, вале инро ба гардан гирифтан намехоҳанд.
Вақти он расидааст, ки қолабҳои кӯҳнаро шикаста, ҷавононро ба ихтиёри худашон гузорем. Бигзор онеро интихоб намоянд, ки ба дилашон наздик ва азизу маҳбуб аст, зеро онҳо бояд як умр бо ҳам зери як бом зиндагӣ карда, солҳои сол сар дар як болин гузоранд.
Падару модарони азиз! Фарзандонатонро аз дӯстдоштаашон ҷудо карда ба каси дигар надиҳед, зеро ошиқонро аз ҳамдигар ҷудо кардан гуноҳи азим аст!
МАДИНА, шаҳри Душанбе