Sebiston new 2024 october
Ошиқамро санҷиданӣ шуда, ба сарам бало овардам
21.11.2024
Оила
217

Ошиқамро санҷиданӣ шуда ба сарам бало овардам

Салом! Ман як духтари дар ишқ обуадогашта мехоҳам аз шумо маслиҳат бипурсам. Ман дар оила фарзанди калонӣ ва эрка будам, вале дар мактаб аъло мехондам. Аҳли аилаамон ҳама соҳибмаълумотанд ва баъди хатми мактаб маро низ падарам ба донишгоҳ дохил кард. Пеш аз донишҷӯ шудан тариқи телефон бо ҷавоне шинос шудам. Айёми донишҷӯӣ дари хонаамонро хостгорон тез-тез мекӯфтанд, аммо ман ба ишқи дӯстдоштаам бовар доштам ва хоҳиши хостгорони омадаро рад мекардам. Як ҳамсинфам ба ҷону ҳоли падарам намонда, тез-тез хостгор мефиристод. Аз тарси он, ки мабодо падарам ба хостгорони ҳамсинфам сар нафарорад, ошиқамро аз асли гап огоҳ намудам ва хоҳиш кардам, ки хостгоронашро ба хонаамон фиристад.

Хуллас, волидонам ризои дили маро шунида бо дуои нек моро фотиҳа карданд. Боре ошиқамро санҷиданӣ шуда гуфтам, ки ман бемории табобатнашаванда дорам ва умри дароз намебинам. Бо ҳамин восита ман садоқати ҷавонро санҷиданӣ будам, аз куҷо медонистам, ки шўхиам балои сарам мешавад. Номзадам гапҳои маро нарезондаю начаконда ба волидонаш гуфтааст. Модараш худи ҳамон рўз ба хонаамон занг зад ва «қудо, шарм намедоред, ки духтари касалиатонро дидаву дониста ба сари писари ман бор кардед» гўён, мағал бардошт. Модарам сари қаҳр «бачаи худат ислиқию касалӣ» гуфта, фотиҳаро гардонданд. Мани ошиқи  зор аз карда пушаймон шуда, ҳақиқати ҳолро ба ҷавон гуфам. Ошиқам «кори шудагӣ шуд, тоқат кун, ман ғайри ту касеро намегирам» мегӯяд, вале дили ман дар ларза аст. Илтимос, маслиҳат диҳед, чи тавр ба модари ошиқам фаҳмонам, ки ман танҳо ба хотири санҷидани муҳаббати писараш худро касал вонамуд кардам.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД