Formula novemver 2024
ОШ БАРАКУ ОШ БИЁРАК ВА АНЪАНАҲОИ ИДОНАИ МАРДУМИ ИСТАРАВШАН
1306


Иди рамазон ва тӯйи бе қалин
"Истаравшан махзани нодири суннатҳо, оинҳо, русумҳои бостонии тоҷикон ва ниëгони онон буда, дорои услуби хосаи манзилнигорӣ, шаҳрдорӣ, ободии гузарҳову маҳаллаҳо, сарулибосӣ миллӣ, таоми халқӣ, идҳо, ҷашнҳо, маъракаҳои оммавӣ, тӯю сур, анъанаҳои посдорӣ, педагогикаи халқӣ, одоби муошират, хуллас сабки махсуси тарзи зиндагӣ ва маданияти мардумӣ мебошад…"

Назирҷон Турсуни Хуҷандӣ "Истаравшан (Шарҳи мухтасари таърих ва маданияти халқ)"
Ҷашну маросимҳои диниву давлатӣ дар ҳар як минтақаи кишварамон ба таври ба худ хос таҷлил карда мешаванд. Дар шаҳри Истаравшан ҳам тӯю сур ва ҷашнҳои аҷдодӣ ба мисли Наврӯз, Меҳргон, Сада ва идҳои мубораки динӣ Рамазону Қурбон хусусиятҳои хосаи худро доранд.

Дар байни мардум дар бобати бошукӯҳ гузаронидани иди Наврӯз дар Истаравшан ривояте ҳаст. Замоне ки Искандари Мақдунӣ ба фатҳи Истаравшан меояд, ба муқобилияти сахт дучор гардида, борҳо шикаст мехӯрад. Баъди ҳуҷумҳои пай дар пай билохир ӯ Истаравшанро ғасб менамояд. Вақте мардуми он ҷо иди Наврӯзро таҷлил менамоянд, шоҳ-Искандар низ ба ҷашнгоҳ ҳозир шуда, шоҳиди фарҳангу тамаддуни баланди ин диëр мегардад. Пас аз ҳамин маросим Искандари Мақдунӣ муносибати худро бо ин мардум дигар мекунад, зеро императори кишваркушо дарк мекунад, ки бо зӯри бозу истаравшаниҳоро ба худ тобеъ намудан ғайри имкон аст.

Дар шаҳри Истаравшан оғози фасли баҳор ҳангоми шукуфтани гули бойчечак кӯдакон гулгардонӣ менамоянд. Онҳо ба ҳар хона даромада суруди бойчечак мехонанд. Соҳибхона барояшон пул ë ягон ширинӣ дода, гули бойчечакро ба чашмонаш мемолад ва шукрона мекунад, ки ба фасли баҳор расиданд. Бонувон дар омад - омадӣ иди Наврӯз гандум сабзонда, барои пухтани суманак омодагӣ мебинанд. Хонумҳои истаравшанӣ ҳар сол қариб дар ҳар як деҳа ва гузар дастаҷамъона суманак мепазанд. Кадбонуҳои моҳире низ ҳастанд, ки дар алоҳидагӣ дар хонаи худашн суманак пухта, онро ба хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳо тақсим мекунанд.
Дар тамоми идҳо, аз ҷумла идҳои рамазон ва қурбон низ духтаракон (кӯдакон) либосҳои идона ба бар намуда, ба хонаҳое, ки наварӯс доранд, мераванд. Наварӯсон ба ин духтарчаҳои фатиламӯй салом дода, барояшон туҳфаҳои хотиравӣ медиҳад.

Рамазон дар Истаравшан
Мардуми Истаравшан ба истиқболи рамазон пешакӣ тайёрӣ мебинанд. Аксарият то омодани ин моҳи муборак озуқа захира менамоянд. Бархе маблағ ҷамъ мекунанд, то ин моҳи муборак бе ягон камбудӣ сипарӣ шавад. Писаракону духтаракон наздик ба ифтор ба кӯчаҳо баромада мунтазири азон мешаванд. Чун садои азонро шунидан бо хурсандиву овози баланд "айтти - айтти намошом қайтти" ( гуфтанд - гуфтанд намошом (намози шом) баргашт) мегӯянд. Ҳарчанд ин кӯдакон наонқадар ба гуфтаҳои худ сарфаҳм мераванд, лекин аз расидани вақти ифтор рӯзадоронро дарак медиҳанд. Чун пештар тақвими рамазон набуд, мардум аз эълони ин ҷорчиҳои хурд амал мекарданд. Як рӯз пеш аз иди саиди Фитр ва иди Қурбон ҳамсояҳо ба ҳамдигар ош тақсим мекунанд ки ин амал "ош бараку ош биëрак" ном дорад. Ин бегоҳӣ дар ҳамаи хонадон ош пухта мешавад, ҳатто камбизоаттарин сокинони Истаравшан низ ба қадри тавони худ ош мепазанд.

Асрори танӯри истаравшанӣ
Дар Истаравшан ҳар хонаводае, ки нав танӯр мегузорад, қариб 12 соат онро бо оташ гарм мекунад. Барои он ки танӯр солҳои зиëд хизмат кунад, ба он равған мемоланд. Саҳарии барвақт дар танӯри нав соҳибхона фатир мепазад ва тамоми фатиҳои пухтаашро ба ҳамсоягон тақсим мекунад. Ин амал ҳамчун як анъанаи неки пос доштани ҳаққу ҳамсоягӣ аз қадим то ба имрӯз расида омадааст.
Зангир бошӣ, ба Истаравшан рав!Тӯйи арӯсиву домодӣ низ дар Истаравшан анъанаҳои хосаи худро дорад, вале ин маърака мисли дигар минтақаҳои кишварамон аз хотсгорӣ сар мешавад. Баъди ба мувофиқа расидани ҷонибҳо, яъне тарафи домод ва тарафи арӯс ягон шахси рӯзгордида нон мешиканад, ки ин маънои ризоиятро дорад. Пасон хостгоронро гусел мекунанд ва соҳиби духтар дар дастархон фатир, ширинӣ ва порчае матои сафед (суф) гузошта ба дасти қудоҳои нав медиҳанд, то ки ин кори хайр бо сафедӣ ва хушӣ гузарад. Ин амалҳоро "Ноншиканон" ва "Сафедгирон" меноманд. Дар гузашта ин маросимҳо ба таври алоҳида ва дар доираи васеъ гузаронида мешуданд, вале 10 -15 соли охир дар доираи оила гузаронида мешаванд. Сониян "Тӯйфотиҳа" мекунанд ва рӯзӣ тӯй муайян мешавад.

Дар шаҳри Истаравшан пули "қалин" нест. Тӯй танҳо як маротиба дар тарабхона ë хонаи домод баргузор мегардад.

Ногуфта намнад, ки то қабул шудани қонуни "Танзим" ҷашну маросимҳои "миëншикан" хеле зиëд буданд ки имрӯзҳо аксари онон аз байн рафтаанд. Ҳар анъана ва ҷашну маросимро худи мардум ба миëн меоранд ва ë аз байн мебаранд. Барои аз байн бурдани хароҷотҳои нолозим, ки ба киссаи мардуми истаравшан зарари зиёде мерасониданд, саҳми қонун хеле калон буда, он маърифати мардумро баланд бардштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД