Александр Сёмин, қотили Ҳувайдои 5-сола, зодаи Тоҷикистон, ба ҳабси абад маҳкум шуд. Дар ин бора Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо хабар додааст.
Ба гуфти ӯ, мурофиа ду рӯз давом кард ва ҳукми нав дирӯз, 13-уми сентябр, эълон шуд. Ӯ гуфт, ҳарчанд ҷониби айбдоршаванда аз ҳукми додгоҳ норозӣ буда, шикоят кард, аммо шикояташон аз ҷониби судя пазируфта нашуд.
Ҳукми аввали суд 15-уми марти имсол эълон шуда буд ва наздикони Ҳувайдо аз он норозӣ буданд. Ӯ он замон ба 24 соли зиндон маҳкум шуда буд.
“Мехоҳам аз рӯйи ҳукм шикоят кунам. Вай бояд ба ҳабси якумрӣ маҳкум шавад. Ҳоло 24 сол зиндонӣ карданд. Аз ин чор солу ҳафт моҳаш кам мешавад, чун дар ин муддат дар боздоштгоҳ аст”, - гуфта буд падари духтарчаи марҳум он замон.
Ёдовар мешавем, ки Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуд. Як рӯз пас ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд.
Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист. Ташхиси судиву тиббӣ нишон дод, ки нахуст ба номуси ӯ таҷовуз шуда, сипас духтарча бо корд кушта шудааст.
Таҷовуз ва қатли Ҳувайдои 5 – сола яке аз ҳодисаҳои пурсарусадо дар Тоҷикистон ва расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ буд. Аммо ба далелҳои номаълум қариб панҷ сол кашол ёфтани мурофиаи он нигарониҳо дар мавриди таъмини адолатро ба бор овардааст.