Arzon march 2024
Мурофиаи пурсару садои таҷовузкор дар Русия
1219

Пагоҳ, 15-март муҳокимаи додгоҳии Александр Семин, қотили бераҳме, ки 5- сол қабл як духтарчаи панҷсолаи тоҷикро бераҳмона таҷовуз намуда, баъдан ба қатл расонида буд, дубора оғоз меёбад.
Мурофиаи додгоҳии Александ Семин дар додгоҳи Вилояти Маскав барпо хоҳад гашт.

Ҳомиёни қонун билохира дафтари аъмоли ин марди золиморо, ки санаи 22-июли соли 2018 Ҳувайдо Тиллозода, духтарчаи 5-солаи оилаи муҳоҷирони тоҷикро ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида буд, аз нав варақгардон хоҳанд кард.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдои ноком умедвор аст, ки мурофиаи мазкур мурофиаи охирин гашта, ниҳоят қотили фарзандаш ба сазои аъмоли аҳримании худ мерасад.
Таҷовуз ва куштори бераҳмонаи ин духтарчаи 5-солаи тоҷик дар Русия яке аз пурсару садотарин ҷиноятҳои панҷ соли охир ба шумор рафта, натанҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон, балки дар худи ҷомеаи рус вокунишҳои зиёдеро ба бор овард ва ҳазорон нафар ба қотил лаънат хонда, музоҷоти сангини ӯро тақозо намуданд, аммо бо сабаби эҳтимоли бемории рӯҳӣ доштани гумонбар мурофиаҳои додгоҳӣ бе натиҷа анҷом меёфтанд.
Волидони Ҳувайдои ғуррамарг умед доранд, ки ин дафъа суд масъаларо одилона ҳал мекунад ва билохира қотил ҷазои сазовор гирифта, рӯҳи саргардони духтараки бегуноҳашон оромиш меёбад.
Ёдрас мешавем, ки Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз назди ҳавлии бинои истиқоматиашон дар Серпухово гум шуд ва баъд аз як шабонарӯз ҷасадашро дар дохили як сумкаи варзишӣ ёфтанд. Пулис ҳамсояи ин оила Александр Семинро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят дастгир намуд ва ташхиси судӣ-тиббӣ низ собит сохт, ки ин марди гугртабиат сароғоз кӯдаки 5-соларо таҷовуз намуда, баъдан ба таври ваҳшиёна бо корд ба қатл расонидааст.
Ба навиштаи Азия-плюс мурофиаи қотили Ҳувайдои ноком пагоҳ соати 11-и вақти Маскав оғоз меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД