Додгоҳи Вилояти Маскави Русия имрӯз бо ҳукми худ Александр Семен, қотили духтарчаи 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозодаро ба мӯҳлати 24-сол равонаи зиндон кард.
Мурофиаи пурсару садои ин қотили бераҳм, ки кӯдаки 5-солаи тоҷикро сароғоз мавриди таҷову қарор дода, баъдан ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида буд, муддати 5 сол тӯл кашида, билохира имрӯз суд Александр Семинро ба 24 соли зиндон маҳкум намудааст. Дар ин бора падари ҷигарсӯхтаи ҳувайдои ноком хабар дода, гуфтааст:
“Ростӣ, то ҳол бовар карда наметавонам, ки ниҳоят мо ин мурофиаро буридем. Ман бо кӯмаки тамоми мардуми тоҷик тавонистам ғалаба ба даст оварам. Барои тантанаи адолат ва ҷазои сазовор гирифтани қотил мақомотҳои кишварамон, аз ҷумла сафорати Тоҷикистон дар Русия ва дигар намояндагиҳо хеле талош варзиданд ва дар рӯзҳои сахту сангин ҳамеша дар бари мо буданд. Мо умед доштем, ки адолат барқарор мешавад ва билохира ин рӯз фаро расида, қотил ба мӯҳлати 24 сол равонаи зиндон гашт. Умед дорам, ки рӯҳи фарзанди номуроди ман акнун оромиш меёбад...”
Модари Ҳувайдои ноком Нигина Тиллозода дар сӯҳбат бо “Азия-плюс” гуфтааст, ки ниҳоят худованд дуои ӯро мустаҷоб гардонида, қотили фарзандаш ҷазои сазовор гиирфт ваба сазои амали нопоки худ расид.
“Пас аз марги духтарам дар муддати 5-соли кашмакашиҳои судӣ мо рӯҳан шикаста будем, вале ба хотири адолат дубора миёнамонро маҳкам баста, ба мубориза бархостем. Ниҳоят имрӯз дуоҳои мани зор пеши Худовандимеҳрубон мустаҷоб гашта, қотил ба сазои амалаш расид. Умедворам, ки руҳи фариштаи хурдакаки мо акнун оромиш меёбад”-гуфтааст ин модари ҷигархун.
Ёдрас мешавем, ки Ҳувайдои хурдакак рӯзи 22 июли соли 2018 а ҳавлии манзили истиқоматиашон дар Серпухово гумшуда буд ва пас азяк шабонарӯзи ҷустуҷӯҳо ҷасади ин духтарчаи 5-солаи тоҷикро дар дохили як сумкаи варзишӣ пайдо карданд. Гумонбари ягона дар ин ҷиноят ҳамсояи ин оилаи муҳоҷирони тоҷик Александр Семен буд ва ташхиси судӣ-тиббӣ низ собит намуд, ки кӯдак аз ҷониби ин марди гургсират аввал мавриди таҷовуз қарор гирифта, баъдан бо корд кушта шудааст.