Formula novemver 2024
Орзу Исоев ҷияни вазир аст?
1158


Салом! Ман Мадина, ҷавондухтари 21-солаи сокини шаҳри Душанбе мебошам ва мисли дигар ҷавонон вақтҳои холигиамро бо тамошои барномаҳои ҷолиб дар Ютуб ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронам. Ба ман махсусан барномаи “Ногуфтаҳо”-и Орзу Исоев писандаст. Блогеру журналистон хеле зиёданд, вале Орзу сабки худро дошта, барномаҳояш аз дигарон комилан фарқ мекунанд. Мегӯянд, ки Орзу пушту паноҳи зӯр дорад ва ҷияни кадом як вазир аст. Ин овозаҳо ягон асос доранд ё не? Илтимос, дар бораи Оорзу Исоев ба мо-мухлисонаш каме маълумот диҳед.
Мадина, аз маҳаллаи 102-и ш. Душанбе.

Посух
Хоҳари азиз,Мадинабону! Орзу Исоев ҷияни ягон вазир нест ва пушту паноҳи “зӯр” ҳам надорад. Ин ҷавони ба маънои томаш ҳунарманд бо шарофати истеъдоди Худодод ва донишу маҳораташ мавқеъ пайдо кардааст. Орзу Исоев зоҳиран хеле ҷавон менамояд, вале дар асл аллакай 46-сола шудааст. Орзу 14 -уми октябри соли 1976 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада бошад ҳам, давраи наврасию ҷавониаш дар шаҳри Қурғонтеппа (Бохтари ҳозира) гузаштааст.
Орзу ҳамагӣ 4сол дошт, ки падару модараш аз ҳам ҷудо шуданд. Азобҳои зиндаятимӣ Орзу Исоевро мисли пӯлод дар кӯрраи сӯзону пуроташи зиндагӣ обутобдода, ба як ҷавонмарди қавиирода ва устувор табдил доданд. Ҳамин буд, ки ӯ боқувваи худ роҳашро дар зиндагӣпайдонамуда, беягонтағобозӣва пушту паноҳ, танҳободонишумаҳорати худ ба факултаижурналисткаиДонишкадаисанъатиТоҷикистон ба номиМирзоТурсунздадохилшудва ин даргоҳиҳунарробо сари баланд хатм карда, дар оғозҳамчунровӣ, сипас ба сифати журналист дар шабакаҳоигуногунителевизионва радио фаъолиятнамуда, оҳиста-оҳиста дар ҷомеамавқеихудропайдо кард.
ОрзуИсоев дар баробари журналист варовиимашҳурбуданашҳамчунинблогеришинохтабуда, маҳоратибаландишеъргӯӣ низ дорад. Устодонишеърукаломибадеъ ба эҷдиётиОрзуИсоевҳамчун як шоириҷавонбаҳоихеле баланд медиҳанд. ЧакидаҳоихомаиОрзу аз назариаҳлисанъат низ дурнамондааст. Машҳуртаринсарояндагонидохиливухориҷӣ аз қабилиСадриддиниНаҷмиддин, ШабнамиСурайё, Меҳрнигор Рустам, БаҳодуриҒафурзод, ЗулайхоМаҳмадшоева, НигинаАмонқулова, Юлдуз Усмонова,ОзодаНурсаидовашеърҳоиОрзуИсоевро ба оҳангдаровардасурудаандва ин таронаҳовирдизабонимардумҳастанд. Анаҳамин тавр, шартнест, киинсонҷияникадом як вазирбошад,бе пушту паноҳ низ одам ба қуллаҳои баланд расидаметавонад, агармислиОрзуИсоевистеъдодихудододваазмуиродаиқавӣдоштабошадва аз таҳтидилмеҳнат карда, заҳмат кашад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД