Sebiston new 2024 october
Орзу Исоев дар 8-уми март ба кӣ тӯҳфа мекунад?
971


-Шумо яке аз чеҳраҳои шинохтаи олами шоу-бизнеси тоҷик ҳастед ва мухлисону ҳаводоронатон мехоҳанд донанд, ки Орзу Исоев дар рӯзи иди бонувон барои кадом хонуми хушбахт туҳфа мехарида бошад...?

-Ман дар рӯзи 8-уми март,ки ҳам рӯзи бонувон ва ҳам модарон аст, барои кулли бонувони хонаводаам ҳамасола тӯҳфа мехарам.

-Росташро гӯед, ба ғайр аз бонувони хонадонатон боз нафаре ҳаст, ки хотирашро дар рӯзи ид бо ягон тӯҳфаи худ болида мегардонед?

-Шояд ба ҳамкорону дӯстони низдикам, ки бону ҳастанд, тӯҳфа кунам.

-Имсол барои бонувони дӯстдоштаатон чӣ туҳфаҳо хариданиед?

-Ман тӯҳфаро пешаки интихоб намекунам, чун ҳар сол ҳар хел аст. Кӯшиш мекунам, ки ба замона нигоҳ карда, туҳфа бигирам. Имсол ҳанӯз муайян накардаам, ки чи мехарам.

-Дар интихоби туҳфа бештар ба чӣ диққат медиҳед? Манзурам он аст, ки туҳфаи қимматбаҳо ва бренд шударо интихоб мекунед ё моле, ки муфид ва зарурӣ бошад?

-Ман ростӣ ба ҷайби худ нигоҳ мекунам ва вобаста ба имконияти молиявиам харидорӣ мекунам. Ба бренд умуман аҳамият намедиҳам, чунки вақти харидорӣ кардан кас ба ҳамон чизе диққат медиҳад, ки ба табъу завқаш мувофиқ меояд. Ман дар 8-уми март умуман чизи заруриро харидорӣ намекунам, зеро онро бе ид ҳам бояд бихарӣ. Вақте ки туҳфа гуфта, чизи лозимиро харидорӣ менамоӣ, ин аллакай як навъ ҷони худро халос кардан мешавад, на туҳфа.

-Маъмулан дар 8-уми март кӣ дар хонаи шумо хӯрок мепазад? Хӯрокҳоро фармоиш медиҳед ё ба тараюхона меравед?

-Гоҳ дар хона хӯрок пухта мехӯрем, гоҳ фармош медиҳем, гоҳ ба тарабхона меравем, умуман ҳар сол ҳар хел аст. Аслан ба тарабхона рафтан барои хонаводаи мо як чизи муқаррарӣ шудааст, чунки бе ид ҳам ман ҳар ҳафта як маротиба аҳли оилаамро ба тарабхона мебарам.

-Ягон маротиба дар рӯзи 8-уми март дар хона худатон хӯрок пухтаед?

-Ростӣ боре ҳам нашудааст, ки ман хӯрок пухта бошам.Чандон марди ҳунарманд нестам.

-Дар охир таманниёти шумо дар иди бонувон ба занону гулдухтарони тоҷик?

-Таманно мекунам, ки ҳамеша озод бошанд. Ҳуқуқу озодиҳояшонро ҳимоя кунанду зери истисмор набошанд. Ҳамаи духтарони тоҷик хонанд, соҳиби илму дониш гашта, ба касе мӯҳтоҷ нашаванд.

Меҳроншоҳ Усмонзода

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД