Дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон ба муносибати 30 — юмин солгарди роҳандозии робитаҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барномаи консертии Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ” — и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Барномаи консертии мазкур дар Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд таҳти роҳбарии Олимҷон Солеҳзода, роҳбари оркест ва иштироки беҳтарин сарояндагони тоҷик, ки узви ин дастаанд, аз ҷумла Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Ҳайдар, Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвин Юсуфӣ, сарояндаҳои маҳбуб Чоршанбе Аловатов, Хуҷастаи Мирзовалӣ ва дигарон доир шуд. Дар он намояндагони ҳокимияти вилояти Самарқанд, аҳли фарҳанг ва тоҷикони муқими ин шаҳр ширкат намуданд.
Нахуст, сарояндаи маҳбуб Ҳасан Ҳайдар бо сурудҳои мондагораш ҳунарнамоӣ кард. Ҳозирон ӯро бо кафкӯбиҳои бардавом пешвоз гирифтанд. Сипас, хонандаи хушсадо Хуҷастаи Мирзовалӣ бо садои дилнишинаш суруди “Ман Ориёиям”-ро пешкаши ҳозирин кард, ки ин таронаи ӯ ҳам хуш пазируфта шуд. Баъди ин, Чоршанбе Аловатов, сарояндаи ҷавону маъруфи Тоҷикистон бо суруди зебои бадахшонӣ – “Масти ту ҳастам” ба консерт файзи хосса бахшид.
Дар расми анҷоми чорабинӣ ба Олимҷон Солеҳзода, роҳбари Оркести мазкур “Сипоснома”-и ҳокимияти вилояти Самарқанд супорида шуд.
Баъди анҷоми барномаи консертӣ миёни сарояндаҳои тоҷик ва намояндагони ВАО-и кишвари мизбон суҳбату мусоҳибаҳо сурат гирифтанд.
“Ба мо маълум шуд, ки дар ҳақиқат ҳам санъатдӯстону фарҳангпарвариш мекардагиҳо дар Самарқанди бостонӣ кам набудаанд. Ва ин боиси хурсандии мо аст. Мо хеле ҳам ҳаловати зиёд гирифтем ва барои корҳои ояндаи худ як илҳоми бузург аз ин ду рӯз гирифтем…”, — гуфт Ҳасан Ҳайдар, Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
“Рости гап, ин орзуи деринаи ман буд. Ҳама вақт мехостам, ки ба Самарқанд равам ва аз ҷойҳои таърихии он назар кунам, тамошо кунам. Ва ба орзуям расидам…”, — зикр кард Хҷастаи Мирзовалӣ, сарояндаи хушовози тоҷик.
Парвин Юсуфӣ, Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, низ таассуроташро аз ин консерт ва сафараш баён карда, гуфт, “ман бисёр Самарқандро дӯст медорам, чунки як раги хуни ман ҳам раги самарқандӣ аст”.