Шаҳрванд Ҳусейнов Муродбек, соли таваллудаш 1989, сокини деҳаи Ғусари шаҳри Панҷакент, ки худро «Қорӣ Абдураҳим» муаррифӣ мекардааст, аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ боздошт шудааст.
Тибқи маълумоти мавҷуда, зимни санҷиш муайян шудааст, ки номбурда ба ҷойи анҷом додани дуохонӣ ва табобат ба амалҳои фосиқона ва зинокорӣ машғул будааст.
Оид ба ин ҳолат тафтишот идома дошта, ҷузъиёти бештари қазия баъди анҷоми санҷиш ва муайян шудани ҳолатҳои парванда маълум хоҳад гардид.