arzon replenishment
ҶОПОН ДОНИШҶӮЁНРО АЗ ШАРТНОМА ОЗОД КАРД. БА МАРДУМ $1000 ХАЙР КАРД
1858

Ҳарчанд бемории COVID-19 дар ҷумҳуриамон охири моҳи апрел тасдиқ гардид, аммо таъсири манфии он ба иқтисодиёти давлатамон ду моҳ пеш расид. Ин ба он марбут аст, ки бемории коронавирус дар Федератсия Русия доман паҳн карду қисми зиёди муҳоҷирон ба ватан баргаштанд.

Ҳатто он нафароне, ки имконияти омадан надоштанду дар Русия дармонданд, ҳанӯз бекоранд, ҳатто худашон пули иҷораи хонаю хӯрокаро наёфта истодаанд. Интиқоли маблағ ба маротиб кам шуд.

Дар кишвари мо оилаи муҳоҷирон, пиронсолон, ятимон, модарони танҳо, ба ҳамин тариқ агар давом диҳем, рӯйхат беҳисоб мешавад, аз он гурӯҳи тоифае ҳастанд, ки имрӯз ба кӯмак сахт эҳтиёҷ доранд. Барои сироят наёфтан аз коронавирус ва ё дар ҳолати сироят ёфтан, роҳи ягонаи халосӣ ин иммунитети қавӣ доштан ва истеъмоли дору зидди нишонаҳои беморӣ ҳаст. Барои иммунитети ба COVID-19 тобовар доштан, хӯроки солим истеъмол кардан даркор. Мутаассифона, қисми зиёди аҳолии кишвар барои харидани маҳсулоти хуроквории солим ва бой аз витаминҳо маблағи кофӣ надорад. Гаронии нархи маҳсулоти озуқа барои ҳамагон маълум аст, ҳоҷат ба шарҳ нест.

Ғайр аз ин қариб ҳамаи оилаҳо дар кишварамон имконияти пардохт намудани маблағи барқро (имсол он то дараҷае гарон шуд) надоранд. Яқин медонем, ки сокинон 1-2 суми захиракардаашонро ба харидани дору ва аз ташхис гузаштан сарф карданд. Аксари кормандон барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус ба рухсатии бемузд рафтанд. Фаъолияти бозорҳо қатъ шуд, аробакашон, ки маблағро барои паси сар намудани як рӯзи ҳаёташон дарёфт менамуданд, бекор монданд, сели муҳоҷироне, ки аз Россия ва дигар кишварҳо омада буданд, дар хонаҳояшон бекоранд, косашӯёну фаррошони тарабхонаҳою дигар маконҳои ҷамъиятие, ки муввақатан кор намекунанд, аз дарёфти нимбурда нон маҳрум шуданд. Ҳамаи ин гурӯҳ сокинон ва дигароне, ки онҳоро номбар накардем ба кӯмаки саривақтӣ ниёз доранд.

Дар ҳолати душвор аз бӯҳрони гуруснагӣ наҷот додани халқ ҳукумати Ҷопон иқдоми олиро роҳандозӣ намудааст. Яке аз муҳаққиқт номдори тоҷик бо исми Шералӣ Ғуломалиев, ки дар Ҷопон дар донишгоҳи Сукуба ба ҳайси муҳаққиқ фаъолият дорад, рӯзи 14-майи соли 2020 дар саҳифаи шахсии худ дар Facebook навиштааст: "Ҳукумати Ҷопон барои ҳар нафар 100,000 йен(қариб 1000доллар) новобаста аз шаҳрванди ҷопон будан ё набудан, кӯмак мекунад! Барои кӯдакон боз 100 доллар изофа мекунад. Ғайр аз ин донишгоҳи Сукуба барои донишҷуёнаш *(касе ки ниёз дорад) аз 1000 то 2000 доллар кумак мекунад ва ё аз мактабпулӣ озодашон мекунад! Шукрона ба Ҳукумати Ҷопон!🙏🙏🙏".

Ин ташаббуси ҳукумати Ҷопон боис шуд, ки шаҳрвандону меҳмонон барои ғамхориаш ба он боз ихлоси зиёдтар пайдо кунанд.

Барои ҳар як давлатдор маҳз ҳамин вазъи кунунӣ имконияти хуб аст, то барои халқ садоқаташро нишон диҳад. Пас аз ин ташаббуси хайрхоҳонаи Ҷопон гумон намекунам, ки шаҳрвандонаш ба тарафи ҳукуматдор санги танқиду таҳқир ҳавола кунанд.

Агар дар ин вазъи душвор бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон сокинон аз пардохт намудани маблағи барқ озод мешуданд, хеле иқдоми хайрҳона мешуд. Ғайр аз ин ба миқдори 1000 сомонӣ ба ҳар нафар кӯмакпулӣ мекарданд, ҳамагон то дараҷае аз вартаи гуруснагӣ наҷот меёфтанду шумораи сироятшудагон дар беморхонаҳо то дараҷае коҳиш мешуд, чунки барои саривақт мубориза бурдан бо вирус имконияти истеъмол намудани ғизои солим ва харидорӣ намудани дорувории зидди нишонаҳои сироятӣро пайдо мекарданд.

Шояд нафароне пайдо шаванд, ба ин пешниҳоди банда эрод гиранд, аммо фикр мекунам ҳарфи дили қисми зиёди аҳолиро иншо кардам. Гумон намекунам, ки имрӯз нафаре аз болои ин мушкилот шабу рӯз фикр накунаду хуни ҷигар нахурад.

P.S: Тавассути телевизиони "Товикистон" дида истодаем, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба нафарони ниёзманд бо мошинҳои боркаши калон кӯмакҳо ирсол мешаванд, аммо то кадом андоза он кӯмак пурра ба суроғаи лозима мерасад, танҳо Худо медонад. Аз мушоҳидаҳт маълум мешавад, к

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД