Arzon march 2024
ОҒОХОНИ IV ЗОДРӮЗ ДОРАД Имоми машҳур 85-сола шуд!
2153


Имрӯз яке аз шахсиятҳои машҳури олам Оғохони IV ҷашни мубораки мавлуд дорад. 49-умин имоми пайравони равияи Исмоилия 13-уми декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Шветсария ба дунё омадааст...
Оғохони IV-ро дар сар то сари ҷаҳон ҳамчун як шахсияти нотакрор, бузург ва хайрхоҳ мешиносанд. Дар баробари имом ва роҳнамои маънавии пайравони равияи Исмоилия буданаш, ин марди наҷиб ҳамзамон фонди хайриявии худро дошта, лоиҳаҳои хеле азими хайриявӣ ва тиҷоратиро сармоягузорӣ менамояд.
Боигарии Оғохони IV-ро тахминан 13,3 млрд доллар арзёбӣ менамоянд. Тавре ки зикр намудем, мавсуф дар баробари имоми равияи Исмоилия буданаш ҳамзамон роҳбарии фонди Оғохонро бар ӯҳда дорад.
Тавре ки Спутник Тоҷикистон навиштааст, ҳамасола ба Оғохони IV ба вазни танаш баробар тилло тӯҳфа мекунанд, ҷонибдорони равияи Исмоилия ҳамчунин аз даромади солонаи худ 10%-ашро ба фонди оғохон ҳамчун “ушр” пардохт менамоянд.
Фонди Оғохон ва зерсохторҳои он соли 1967 ташкил шуда, дар рӯи дунё ҳамасола иқдомҳои хайрхоҳонаи зиёдеро анҷом медиҳад.
Яке аз роҳҳои даромади Оғохон ин асппарварӣ мебошад. Ӯ дар Фаронса ва Ирландия фермаҳои асппарварии худро дорад, ки дар онҳо аспҳои хушзот парвариш карда мешаванд. Асппарварӣ ба Оғохони IV даромади хуб меорад.
Дар Тоҷикистон пайравони равияи Исмомилия аз ҳама бештар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дида мешаванд. Дар дунё бошад, шумораи пайравони Исмоилия ҳудуди 15 миллион нафарро ташкил дода, онҳо дар 25 кишвари дунё умр ба сар мебаранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД