arzon replenishment
Ҷонон - арўси ланг (ҚИСМИ 3)
1650

Дидори ҷигархор…

Як нимашабӣ ба хонаашон занг зада хабар доданд, ки падари Раҳматро дар ҳолати бад ба беморхона оварданд. Онҳо ҳарду саркану покан ба беморхона тохтанд. Ҷонон дар чанд соли ахир бо хусураш унс гирифта, ин пирамарди ҷиддисимои босаводро мисли падараш дўст медошт. Ҷонону Раҳмат ва устодашон чӣ қадар талош карданд, вале пирамард дар синни ҳафтодунўҳ аз сактаи қалб оламро падруд гуфт. Ҷонон дар ҷанозаи хусураш бори аввал бо падару модараш ба хонаи падарии шавҳараш рафт… Гардани хушдоманашро гирифта гирист, хушдоман аввал ўро нашинохт, баъди шинохтан, дигар сўяш нимнигоҳ накард…

Ҷонон новобаста аз сардиҳои муносибати хушдоман дар тамоми маъракаҳои хусураш бо дастархонҳои пур рафта меомад. Салом очаҷон гўён, ба кампир салом медод, вале ў алейк намегирифт. Ҷонон дар пеши Раҳмат ҳеҷ чиз ангўяд ҳам, пинҳонӣ ашк мерехт, наход ҳама хубиҳои ў, ҳусну ҷамолу ҳунармандӣ, донишу заковат, писарони нозанин ва обурўяш ҳеҷ чиз бошад?! Наход ҳамин лангидани пойи ў ин қадар ҷурми бад бошад!!! Ба саволҳояш ҷавобе намеёфт бонуи зебо ва аламашро аз гиря мегирифт…

Гардиши тақдир

Соли хусурашро доданду хушдоманаш бемор шуд, сактаи дил кампирро фалаҷ кард. Худованд одамро хору муҳтоҷ накунад, кампири як вақтҳо гапаш барои шавҳару писару келин қонун, акнун дастнигар шуда буд. Се писар байни худ навбат карда буданду якмоҳӣ модарро ба хонаашон мебурданд, аммо Ҷонону Раҳмат дар ҳисоб набуданд, зеро кампир ҳаргиз назди «Арўси ланг» омаданӣ набуд. Навбати писари миёна расиду занашро бо хурўҷи дарди гурда ба беморхона оварда ҷарроҳӣ карданд, акнун нигоҳубини кампири бемор ба вай мумкин набуд. Ду келини дигар мо кор надорем, навбаташ аст, нигоҳ кунад гўён, поро ба як мўза тиққонданд ва ана дар ҳамин авҳоли зор кампири бадкини Гултураро Ҷонон рафта, бо мошини ёрии таъҷилӣ ба хонааш овард. Кампир бо забони гирифта нею нестон кард, вале дид ки илоҷ нест, хомўш монд…

Ҷонон кампираки чун чўби тароша қоқу пушту паҳлуяш пурзахмро дар муддати ду моҳ гул барин нигоҳ кард. Хушдоманаш акнун мустақилона менишасту хуб хўрок мехўрд, оҳиста-оҳиста забонаш низ кушода шуд. Набераҳояшро ба сандуқи синааш зер карда мегирист, бо қудояш дугонаҳои ҷонӣ гаштанд.

Ҷонон ҳеҷ аз хотираш фаромўш намекунад, ки хушдоман дастонашро бўсида, гуфт: “Хока гирӣ зар шавад, духтарам! Худо ҷони мани ҷоҳила гирад! Хусурат ҳамеша мегуфт, ки ҳусни зани Раҳмат ба хироҷи ҳафт мамлакат меарзад. Худо ба писарам зани шоиста додааст, барака меёбад. Ҳамон вақт дилам об мешуд, ки туро бинам, аммо ғурурам имкон намедод, одат карда будам, ки гапамро ба ҳама гузаронам. Раҳмат гапамро нагирифту бар қасди ў ҳамин гуна рафтор кардам, маро бубахш…”.

Арўси ланг панҷ солу шаш моҳ хушдоманашро нигоҳубин карда, дуои ўро гирифт ва имрўз худаш султони қалби келинҳост. Беҳуда нагуфтаанд, одам аз дуо сабз мешаваду дили бекина макони сафост, пас мебояд кинаҳоро аз сина рўбем…

Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД