formula feb 2025
Ҷонон - арўси ланг (ҚИСМИ 1)
1757

Духтари нозпарвар

Ҷонон духтари яккаю ягонаи волидонаш буд. Амаки Самархуҷа ҳамсараш Хандонро ҳангоми хизмати аскарӣ аз Озарбойҷон оварда буду ниҳоят дўсташ медошт, аз ин рў, ба як духтар қаноат карда, ёди зану фарзанди дигар накард.

Холаи Хандон соли аввали омаданаш забони тоҷикиро аз худ карда буду ба мардум хеле қарин гашта, касе бегонааш намегуфт. Бонуи хеле зебо буд, духтараш Ҷонон бошад, дар зебоӣ аз модар гузашта буд.

Амаки Самархуҷа директори мактаб, баъдтар раиси ҷамоат шуда кор мекарду ин ҷуфти зебо дар деҳа яке аз оилаҳои намунавӣ ба ҳисоб мерафтанд.

Ҷонон рўз аз рўз қад кашида, дилработар мешуд. Зани амакаш Адолат ҳар гоҳе кокулони дарози марғулаашро майдабофӣ кунад, албата дар яке аз онҳо мўҳраи чашмӣ аз заҳри чашми бад гўён, баста мемонд. Хандон аз ин кори авсунаш, ки ба ҳамдигар мисли апаву хоҳар меҳрубон буданд, завқ бурда механдид.

Амаки Самар як бародар дошт, Салим, падару модараш барвақт аз дунё гузашта буданду бародарон ба ҳам хеле меҳрубон буданд. Салим ду писар дошту Ҷононро дар баробари онҳо мисли духтараш дўст медошт. Духтарак писарони амакашро акоҷон мегуфту бо онҳо миёни дугонаҳояш ифтихор низ мекард. Саиду Ориф хоҳаракашонро чун гавҳараки чашм нигоҳ мекарданд.

Мусибат

Ҷонон да синфи ҳаштум мехонд. Як нисфирўзӣ аз мактаб бармегашт, ки ҳангоми аз роҳи калони назди хонаашон гузаштан зери чархи мошин монд. Ронандаи мошини боркаши «Зил», ки хеле кўҳнаю вайрона буд, онро идора карда натавониста, духтаракро зер кард. Хабари зери мошин мондани духтари ягонаашон волидонро девона кард, амакаш худи ҳамон рўз аз пойтахт профессори машҳуреро овард. Талоши духтурон натиҷа дод, Ҷонон чашм кушоду дили падару модарашро чун субҳ равшан намуд. Аммо пойи чапаш ланг шуд…

Табибон гуфтанд, ки баъди ду сол ҷарроҳии дигар мегузаронанд, вале ин ҷарроҳӣ ҳам ба Ҷонон малҳам нашуду духтари нозанин мелангид. Падару модар “зинда мондӣ, шукри Худо, илми тиб сол аз сол пеш меравад, рўзе мерасад, ки ин нуқсонат бартараф хоҳад шуд” гўён, духтарашонро дилбардорӣ мекарданд. Ҷонон духтари нозанин, панҷ панҷа ҳунар, босаводу бомаърифате буд. Панҷ вақт намозашро тарк намекарду Қуръонро “булбул” барин мехонд. Духтари баҳуш ки буд, аз ин нуқсаш ғам ҳам намехўрд. Бо тавсияҳои табиб машқҳои ҷисмониро иҷро мекард, ки пойи дардмандаш аз ин бад нашавад, дигар ба омўхтану кору бори хонаи сермеҳмонашон овора буд. Волидонаш ғам хўранд ҳам, инро аз духтарашон пинҳон медоштанд, аммо фикри ояндаи духтарашон дилашонро зиқ мекард.

Гул кардани орзуҳо

Ҷонон баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи тиббӣ супорида, донишҷў шуд. Азбаски хулқи хубу дилнишин дошт, дар як муддати кўтоҳ дар дили омўзгорону ҳамдарсон ҷойи худро ёфт. Қомати баланди дилҷў, соҳибҷамолию хушсуханӣ, заковати волову рафтори зебояш ба рўйи нуқсаш хати батлон мекашиданд. Ҷавонони зиёде гирдаш парвона буданд, вале Ҷонон танҳо бо Раҳмат риштаи дўстӣ баст. Ҳарчанд ҳамдигаро дўст доранд ҳам, ин ду ҷавон ҳаргиз аз доираи одоб берун сухан намегуфтанд. Раҳмат дар деҳаи ҳамсоя зиндагӣ мекард. Онҳо аз хобгоҳ якҷоя ба дарс мерафтанд, баъди дарс якҷоя бармегаштанд. Хулоса, духтар куҷое равад, Раҳмат ўро ҳамроҳӣ мекард. Ҳамдарсон бо шӯхӣ Раҳматро сояи Ҷонон мегуфтанд.

(Давом дорад)

Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД