Sebiston new 2024 october
Ҷонибек ба дидорбинии Сулаймон рафт
656
no-img

 

Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон мардум барои табобати Сулаймони хурдакак талош доранд.

Аксари блогерон ва ҳунармандони машҳури тоҷик низ ба дидорбинии Сулаймон рафта, навори дидорбиниашонро бо ин тифлаки бемор дар саҳифаҳои худ мегузоранд ва аз обуначиёнашон хоҳиш мекунанд, ки дар табобати Сулаймон саҳми хешро гузоранд. Ду рӯз қабл яке аз сарояндаи машҳури тоҷик Ҷонибек Муродов ба дидорбинии Сулаймон рафта, дар навори видеоӣ, ки баҳамин мавзуъ бахшида шудааст, мегӯяд:
“Ҳамватанони гиромӣ! Мо имрӯз омадем ба дидорбинии Сулаймон. Мо аз Худованди меҳрубон хоҳиш мекунем, ки ба ин додаракамон шифои комил диҳад. Мо дар тӯяш хизмат кунем.

Мухлисони азиз, инчунин кулли сарояндагону ҳунармандон, хоҳиш мекунам, бетараф набошед. Якҷо дастгирӣ кунем ва Сулаймонҷона наҷот диҳем. Кӯмак ҳам карда натавонед, дуо кунед...”

Падари Сулаймон низ дар саҳифаи худи Сулаймон дар инстаграм гуфтааст:

“Дирӯз ба хонаи мо одами хушмуомила Ҷонибек Муродов омаданд.

Ташаккур, ки ба меҳмонии мо омадаед ва бо Сулаймончики мо вакт гузарондед. Ташаккур ба шумо, ки ба дарди мо бетараф набудед. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД