arzon replenishment
Омӯзгори тоҷик ғолиби озмуни байналмилалӣ гардид
414


Омӯзгори тоҷик, директори “Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе” Асҳобиддини Шералӣ сазовори унвони “Беҳтарин омӯзгори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2023” гардид, хабар дод Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.

Унвони мазкур барои фаъолияти сермаҳсул дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас ва барои ноил гардидан ба дастовардҳои назарраси таълимю тарбиявӣ ва меҳнатӣ аз ҷониби Иттиҳодияи шахсони ҳуқуқии “Ҳаракати умумимиллии Бобек”-и Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Китобхонаи илмии электронии “eLIBRARY.RU”-и Федератсияи Русия дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки соли равон ҷоизаи “Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023” ба Додхудо Шарифзода, магистранти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва унвони “Беҳтарин донишҷӯи ИДМ–2023” аз рӯи бахшҳои илм, санъат ва варзиш ба магистранти факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммад Ҳайдарзода тақдим гардид.

Ҷоизаи “Беҳтарин корманди ИДМ-2023” насиби Лейтенанти калони милитсия, муҳандис-иқтисодчии шуъбаи молиявии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Сайфиддинзода гардид.

Парвиз Тағоев, корманди Хадамоти гумрук бо унвони “Мутахассиси беҳтарини Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2023” қадрдонӣ шуд.
Ёсуман Розиқова, хонандаи Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин олими ҷавон-2023” гардид ва ҳамаи ғолибон бо Диплом, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи озмуни байналмилалӣ сарфароз гардонида шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД