Arzon march 2024
Омодагӣ ба бозиҳо муқобили мунтахабҳои Беларус ва Тимори Шарқӣ
217

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиҳоро ба бозиҳо муқобили мунтахабҳои Беларус (20-уми март) ва Тимори Шарқӣ (25-уми март), ки дар Душанбе баргузор мешаванд, оғоз кард.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, машқи аввали дастаи мо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир шуда, дар он 16 бозигар ширкат доштанд. Бозигарони боқимонда баъдтар ба сафи даста мепайванданд.

Ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон 25 бозигар: 4 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар шомиланд. Аз 25 футболбози даъватшуда 13 нафарашон легионер мебошанд.

Қобили зикр аст, ки тими миллии Тоҷикистон рӯзи 20-уми март бо яккачини Беларус рақобати дӯстона ва 25-уми март бо мунтахаби Тимори Шарқӣ бозии даври муқаддимотии Ҷоми Осиё-2027-ро анҷом медиҳад. Ҳарду вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 16:00 оғоз мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД