Arzon march 2024
Ҳомилагӣ дар хоб чӣ таъбир дорад?
20.09.2024
ОИЛА.ТҶ
1606

Салом! Ман духтари муҷаррад ҳастам, ҷавони дӯстдошта надорам ва умуман дар бораи мардон фикр намекунам, вале аз чӣ сабаб бошад, ки вақтҳои охир тез-тез хоб мебинам, ки ҳомила ҳастам. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед!

М. З., хонандаи сомона

Посух:

- Дар хобномаҳо омадааст, ки ҳомилагӣ дар хоб фоли нек ва нишонаи ба дастоварди бузурге ноил гаштани шахси хобдида аст. Касе, ки чунин хоб мебинад, файзу баракати зиндагиаш афзун гашта, ба қуллаҳои баланд мерасад ва машҳур мешавад. Меҳнатдӯстӣ ва фикру андешаҳои ҷолиби шахси хобдида аз ҷониби роҳбарият дар ҷойи кор қадр карда шуда, мақому манзалаташ баланд мешавад ё бо шарофати ягон кори некаш машҳур мегардад. Шахси хобдида бо эҷод сарукор дошта бошад, истеъдодаш мухлисони худро пайдо мекунад, тоҷир бошад, кораш барор гирифта, бою бадавлат хоҳад шуд.

Зани шавҳардор хоб бинад, ки ҳомила шудааст, кори нави сердаромад пайдо карда, бештар аз шавҳараш пул кор мекардагӣ мешавад ё соҳиби ягон вазифаю мансаб мегардад.

Духтари муҷаррад хоб бинад, ки ҳомила шудааст, ба зудӣ бахташро ёфта, бо марди сарватманде оиладор хоҳад шуд, ки дар зиндагӣ тамоми орзуҳояшро амалӣ месозад.

Зани аз шавҳар ҷудошуда хоб бинад, ки ҳомила шудааст, тиҷорати худро ба роҳ монда, муваффақ мегардад.

Зани шавҳардор чунин хоб бинад, ҳаёти оилавиаш тинҷу осуда гашта, соҳиби хонаи нав мешавад ё ҳамроҳи шавҳару фарзандонаш ба сайру саёҳат баромада, лаззати хушбахтиро мечашад.

Зани танҳо хоб бинад, ки ҳомила шудааст, ба марде ошиқ мешавад, ки нияти ҷиддӣ дорад. Ин вохӯрӣ метавонад барои бунёди оилаи солим замина гузорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД