Пайдо шудани навъи нави коронавирус бо номи “Омикрон” тамоми сокинони сайёраи Заминро ба ташвишу изтироб овардааст.
Ин бемории ҳамагир аллакай дар чандин кишварҳо паҳн гашта, ҳамарӯза садҳо нафар аз ин вирус сирят меёбанд. Олимон муайян карданд, ки "Омикрон" сироятёбандатарин беморӣ дар таърихӣ инсоният мебошад.
Қобили зикр аст, ки то санаи 7-январ дар тамоми сайёра ду миллиону ҳафтсад ҳазор нафар гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудаанд.
Ба иттилоъи “Даракчи” танҳо дар бадали як шабонарӯз-аз 6 то 7 январ зиёда аз 200 ҳазор нафар аз ин вирус сироят ёфтаанд. Тааҷҷубовар он аст, ки новобаста ба тараққиёти пуршиддати илмӣ ин бемории ҳамагир дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон бо суръати бештар паҳн мешавад.
Айни замон ИМА бо сабти 730 ҳазор гирифторони “омикрон” дар зинаи рекордӣ қарор дорад. Вазъият дар кишварҳои дигари пешрафта низ ташвишвар буда, дар Фаронса 328 ҳазор нафар, дар Испания 242 ҳазор ва дар Британияи Кабир 178 ҳазор нафар мубталоёни коронавирус ба қайд гирифта шудаанд, ки аксари онҳо бо нишонаҳои "Омикрон" бистарӣ гаштаанд.
Вазъияти мураккаби эпидемиологӣ дар аксари кишварҳо мушкилиҳои навро ба миён овардааст. Аз ҷумла дар Британияи Кабир аз сабаби норасоии кормандони тиб, хизматчиёни ҳарбӣ барои кӯмак ба табибон сафарбар гардидаанд. Дар Лондон се ҳафтаи охир 200 нафар хизматчиёни ҳарбӣ дар ихтиёри кормандони тиб қарор доранд. Ҳамзамон аз онҳо барои гузаронидани тест ва эмгузаронӣ истифода мебаранд.
Дар Италия бошад, проблемаи норасоии беморхона ба миён омадааст. Аз ин сабаб беморони навро дар чодарҳои махсус табобат мекунанд.
Дар баъзе штатҳои Австралия охирҳои моҳи январ эҳтимоли ҳолати рекордии ба қайдгирии “омикрон” дар назар дошта шудааст, аз ин рӯ баъзе маҳдудиятҳо аз нав ҷорӣ карда шуданд. Дар баъзе ҳудудҳои Ҷумҳурии Япония низ маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шудааст.
Ба гуфти олимони испанӣ "Омикрон" сироятёбандатарин беморӣ дар таърихӣ инсоният мебошад, зеро он ҳамаи ҳолатҳои рекордии ба қайдгирӣ коронавирусро иваз намуд.
Аввалин гирифторони "Омикрон" дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Қазоқистон ва Ӯзбекистон низ ба қайд гирифта шудаанд.
Абдуғаффор Шодиев