Sebiston new 2024 october
Олимон “Бачадони сунъӣ” сохтанд
2074

Биотехнологҳо аз Олмон як прототипи аввалин таҷҳизоти сунъии бачадон дар ҷаҳонро таҳия мекунанд, ки ба шумо имкон медиҳад ба мисли RPG хусусиятҳои кӯдаки ояндаи худро аз меню интихоб кунед.

Ҳамин тариқ, дар як сол бо ёрии “бачадони сунъӣ” ба дунё овардани то 30 ҳазор кӯдак ба нақша гирифта шудааст.

Лоиҳа EctoLife ном дорад ва гуфта мешавад, ки ба беш аз панҷоҳ таҳқиқоти илмӣ ва инчунин якчанд маҳсулоти аллакай татбиқшуда асос ёфтааст.

Ин консепсия маҳсули заҳмат ва тавлиди биотехнологи молекулавии Берлин ва “Гуруи илм” Ҳошим Ал-Ғайлӣ мебошад. Ӯ мегӯяд, ки бачадони сунъӣ имкон медиҳад ҷуфтҳои безурёт ҳомила шаванд ва волидайни воқеии биологӣ гарданд.

Ба гуфти Ғайлӣ, бачадони сунъӣ эҳтимоли бо нуқсонҳои модарзодӣ ба дунё омадани кӯдаконро комилан аз байн мебарад.
Мувофиқи ҳисоби пешакӣ, чунин муолиҷахона барои тамоми мамлакат кифоя аст, вале агар дар оянда “Бачадони сунъӣ” шӯҳрати бештар ёфта, шумораи мизоҷон зиёд ва маъруфияти хидмат афзоиш ёбад, бояд шабакаи ин "Бачаҳои бе модар ба дунё омада" васеътар карда шавад.

“Мо EctoLife-ро муаррифӣ мекунем, аввалин иншооти сунъии бачадон дар ҷаҳон, ки комилан бо энергияи барқароршаванда кор мекунад”,-гуфтааст Ал-Ғайлӣ дар изҳорот.

“Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола тақрибан 300 000 зан аз мушкилоти ҳомиладорӣ мефавтад. Аз ҳамин хотир бачадони сунъии EctoLife барои сабук кардани ранҷу азоби занон ва кам кардани зарурати гузаронидани ҷарроҳии чоки қайсар пешбинӣ шудааст”.
Якчанд вариантҳои истифодаи чунин бачадон вуҷуд дорад. Соддатарин ва арзонтаринаш танҳо интихоби санаи ҳомиладорӣ дар вақти дилхоҳ мебошад, масалан агар дар саломатии зан мушкиле вуҷуд дошта бошад, ки бартараф карданаш вақти муайян мехоҳад.

Гаронарзиштарин вариант ин бастаи “Элита” хоҳад буд. Он имкон медиҳад, ки пеш аз ба батни сунъӣ ҷой додани ҷанин муҳандисии генетикӣ кунед. Шумо метавонед аз ранги чашм ва мӯй то қувват, қад ва зеҳни фарзанди ояндаи худро бо кӯмаки олимон интихоб кунед ва бемориҳои ирсии кӯдакатонро бартараф намоед.

Ҳошим Ал-Ғайлӣ мегӯяд, бачадони сунъӣ барои заноне, ки бачадони худро ба сабаби гирифтор шудан ба касалиҳои саратонии узвҳои занона ва дигар мушкилиҳо бо роҳи ҷарроҳӣ гирифта партофтаанд, айни муддаост.
Кишварҳое, ки коҳиши шадиди аҳолӣ дар онҳо эҳсос мешавад, аз ҷумла Ҷопон, Булғористон, Кореяи Ҷанубӣ ва дигар давлатҳое, ки мушкилоти демографӣ доранд, дар оянда метавонанд аз EctoLife истифода бурда, аҳолии худро зиёд намоянд.

“Технология аллакай дастрас аст ва танҳо маҳдудиятҳои ахлоқӣ моро аз татбиқи он бозмедоранд. Мардум, агар тасмим бигиранд, ки ин фоиданок ва як чизи муқаррарӣ аст, ин лоиҳа амалӣ мешавад. Ҳар як хусусияте, ки дар консепсия зикр шудааст, 100% аз ҷиҳати илмӣ асос ёфтааст ва аллакай аз ҷониби олимон ва муҳандисон ба даст оварда шудааст. Танҳо эҷод кардани прототипе боқӣ мемонад, ки ҳамаи ин вазифаҳоро дар як дастгоҳ муттаҳид мекунад”,- мегӯяд Ал-Ғайлӣ ва меафзояд: “Тадқиқот дар ҷанинҳои инсон дар айни замон ҳадди аксар 14 рӯз иҷозат дода шудааст. Пас аз 14 рӯз, ҷанинҳо аллакай ба чизе табдил меёбанд ва бояд бо сабабҳои ахлоқӣ нобуд карда шаванд. Агар ин маҳдудиятҳои ахлоқӣ сабук карда шаванд, он аз 10 то 15 сол лозим мешавад ва муассисаҳо ба монанди EctoLife тақрибан дар ҳама ҷо пайдо мешаванд. Ба ин боз панҷ соли огоҳӣ ва маърифати мардумро илова кардан лозим аст, то ба қабул кардани чунин технологияҳо одат кунанд. “

Лоиҳаи сохтмон 75 лабораторияи муҷаҳҳазро дар бар мегирад, ки дар ҳар кадоми онҳо метавонанд то 400 капсула барои парвариши ҷанинро ҷойгир кунанд. Ин капсулаҳо барои дақиқ тавлид кардани шароитҳое, ки дар дохили бачадони модар вуҷуд доранд, тарҳрезӣ шудаанд. Капсулаҳо бо экране пайваст шудаанд, ки маълумот дар бораи рушди кӯдакро нишон медиҳад. Волидони оянда метавонанд дар баробари олимон ин маълумотро тавассути замимаи смартфон дидан намоянд.

Дар сурати дар амал татбиқ гаштани ин лоиҳа дар як бино ҳар сол то 30 000 тифл инкубатсия карда шуда, бе модар таваллуд мешаванд.


Бахтовар Сафаров

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД