Arzon accountant
Олими тоҷик, ки мақолааш дар Испания сазовори ҷойи 2-юм шуд
943

Наботзода Сиёвуш Холмурод дар озмуни “Беҳтарин лоиҳаи байналмилалии соҳаи маориф” иштирок карда, ба гирифтани ҷойи 2-юм ва диплом мушарраф шуд. Маросими супурдани диплом ба ғолибон дар шаҳри Ослои Норвегия ва Мадриди Испания доир гардид ва олими тоҷик дар он тариқи фосилавӣ иштирок карда, қадрдонӣ шуд.

Тавре Сиёвуш Наботзода дар суҳбат бо мо гуфт, ӯ дар ин озмун бо лоиҳа - мақолаи худ дар мавзӯи “Дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар шароити пандемия ва Иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)” иштирок карда, дар миёни намояндагони 19 кишвар сазовори ҷоиза шуд. Ӯ ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин озмуни байналмилалӣ шуд.

“Ман дар давраи пандемияи коронавирус таҳқиқот анҷом дода будам дар мавриди “Дастгирии давлатии соҳибкорони ҷавон дар шароити пандемия”. Инчунин дар мавзӯи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ низ тадқиқот анҷом дода будам, ки натиҷаи онҳоро ба ин озмун фиристонидам. Яъне дар заминаи ҳамин таҳқиқотҳо мақолаи илмӣ навиштам. Вақте ки озмун эълон шуд, ман натиҷаи таҳқиқотҳои худро таҳти роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Меликов Умрилло Асадуллоевич омода намуда ва ба забони англисӣ тарҷума карда, ба унвонии комиссияи озмун ирсол кардам. Баъди муддате ба унвонии ман мактуб омад, ки натиҷаи таҳқиқотҳоям сазовори ҷойи дуюм шудааст ва мо бо ҳамроҳии устодам бо диплом мукофотонида шудем”,- гуфт ӯ.

Мавсуф зикр кард, ки дар таҳқиқотҳои мазкур масъалаҳои дастгирӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои соҳибкорони инфиродӣ дар шароити Пандемияи СОVID-19, иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ баррасӣ шудаанд. Ҳамчунин, масъалаи мукаммалгардонии қонунгузорӣ дар шароити пандемияи СОVID-19 мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Наботзода Сиёвуш Холмурод дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ба номи Тағаймурод Ҳомидови зодгоҳашро хатм карда, солҳои 2006-2010 дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таҳсил кардааст. Баъди хатм аз соли 2010 то 2011 ҳамчун ассистенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кор карда, сипас, солҳои 2011-2013 барои идомаи таҳсил дар зинаи магистратураи кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи ҷамъияти матлуботи Федератсияи Россия сафар кардааст. Баъди хатми ин зинаи таҳсилот ҳамчун муаллими калони кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ, декани факултети иқтисоди ҷаҳон ва ҳуқуқ кор кардааст. Соли 2021, баъди се соли таҳсил дар зинаи докторантура аз рӯи ихтисоси ҳуқуқ рисолаи доктории (доктор-PhD) худро дар мавзӯи “Реҷаи ҳуқуқии молу мулки соҳибкори инфиродӣ” ҳимоя намудааст.

Феълан директори Литсейи назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, доктори ҳуқуқ ва дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон аст.

Ӯ муаллифи 22 монография, адабиёти илмию таълимӣ ва беш аз 80 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ - оммавӣ буда, дар чандин ҳамоишҳои илмӣ суханронӣ кардааст. Аз ҷумла, Наботзода Сиёвуш соли 2017 монографияашро бо номи «Ниҳоди президентӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ва миллӣ» дар ҳаҷми 304 саҳифа дар нашриёти «Империал-Групп» аз чоп баровард. Ин рисола ба таҳлили пайдоиши ниҳоди президентӣ ва умдатарин масъалаҳои ниҳоди мазкур дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии кишварҳои хориҷӣ ва ватанӣ бахшида шудааст.

Ҳамчунин, соли 2018 монографияи дигарро дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон ва ниҳоди сарварӣ: назария, амалия ва қонунгузорӣ” аз чоп баровард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД