Formula novemver 2024
Ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ қадршиносӣ шуданд
08.10.2024
ОИЛА.ТҶ
517

Дирӯз, 7-уми октябр дар Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварии вилояти Суғд маросими қадршиносии ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки бахшида ба Рўзи Конститутсия ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 4-7-уми октябр ташкил гардид, беш аз 100 нафар варзишгарон ва мураббиён иштирок доштанд.

Раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи камонварии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар чорабинии варзишӣ котиби генералии Федератсияи ҷаҳонӣ оид ба камонварӣ Том Дилен, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва варзишгаронро, ки аз ҷумҳуриҳои дўсту бародари Ўзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Судон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Федератсияи Россия ташриф овардаанд, хайрамақдам гуфтааст.

Таъкид гардидааст, ки бо ҳидоят ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои нахустини истиқлол дар кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол ба рушди соҳаи варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, барои мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни қишрҳои ҷомеа қадамҳои устувор гузошта шуд.

- Дар ин замина, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати рушди соҳаи варзиш як силсила қарорҳо ва барномаҳоро қабул ва амалӣ карда, кўшиш менамояд, ки барои мунтазам инкишоф ёфтани соҳаи варзиш тамоми шароитҳои заруриро фароҳам орад. Баробари ривоҷу равнақи намудҳои гуногуни варзиш дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон камонварӣ яке аз намудҳои маъмул ба ҳисоб меравад, ки шумораи дўстдорони он аз ҳисоби ҷавонону наврасон торафт меафзояд,- меафзояд манбаъ.

Қайд карда шудааст, ки мусобиқаи мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳои Федератсияи камонварии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардидааст.

Ба ғолибони мусобиқа дар вазъияти тантанавӣ медалу мукофотҳои пулӣ ва Ҷом супорида шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД