Commerce bank may-june 2026
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба кураш дар Душанбе маълум гардиданд
15.06.2026
Oila.tj
100

Рӯзҳои 13-14-уми июн дар шаҳри Душанбе XV-умин Чемпионати Осиё оид ба кураш баргузор гардид. Дар мусобиқа варзишгарони 25 кишвари қора ҳунарнамоӣ намуданд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, аз ҳисоби маҷмӯи медалҳо Ӯзбекистон бо 15 медал - 10 тило, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ дар зинаи аввал қарор гирифт. Тоҷикистон бо 10 медал - 4 тило, 5 нуқра ва 1 биринҷӣ зинаи дуюмро ишғол намуд. Кореяи Ҷанубӣ бо ҷамъи 4 медал - 2 тило, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ сеюм шуд. Қазоқистон бо ҷамъи 9 медал ва Туркманистон бо ҷамъи 6 медал панҷгонаи беҳтаринҳоро пур карданд.

Дар рӯзи якуми мусобиқа варзишгарони тоҷик Ҳақдод Гулов дар вазни 60 кг, Ёсин Бобокалонов дар вазни 66 кг, Умар Шеров дар вазни 73 кг медалҳои тилло ва Каримзод Наврӯз дар вазни 81 кг медали нуқраро сазовор гардиданд.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа Шариф Назриев дар вазни -120 кг, медали тилло, Насиба Карликова дар вазни 52 кг, Шоҳида Қаландарова дар вазни 63 кг, Саидҷамол Алимардонов дар вазни 100 кг ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни +120 кг медалҳои нуқра ва Ҳақназар Назаров дар вазни 90 кг медали биринҷиро сазовор гардиданд.

Ҳама ғолибони Чемпионати Осиё оид ба кураш

Рӯзи аввал

Миёни мардон

Вазни -60 кг

  1. Ҳақдор Гулов (Тоҷикистон)
  2. Айбатир Миразат (Қазоқистон)
  3. Сердар Бабамурадов (Туркманистон)
  4. Қувончбек Садинов (Ӯзбекистон)

Вазни -66 кг

  1. Ёсин Бобокалонов (Тоҷикистон)
  2. Ҳёнсу Юн (Кореяи Ҷанубӣ)
  3. Болат Билол (Қазоқистон)
  4. Мероҷуддин Чакмар (Афғонистон)

Вазни -73 кг

1. Умар Шеров (Тоҷикистон)

  1. Ҷамшид Юлдошев (Ӯзбекистон)
  2. Ҳидир Муҳаммадов (Туркманистон)
  3. Темирлан Сагиндиков (Туркманистон)

Вазни -81 кг

  1. Аҳрор Зуёдуллаев (Ӯзбекистон)
  2. Наврӯз Каримзод (Тоҷикистон)
  3. Адилет Ахметгали (Қазоқистон)
  4. Забинулло Эҳсонӣ (Афғонистон)

Миёни бонувон

Вазни -70 кг

1. Сумин Мо (Кореяи Ҷанубӣ)

  1. Нурана Ҳезретова (Туркманистон)
  2. Туйгул Ҳамроева (Ӯзбекистон)
  3. Ле Ҳюин Туонг Ви (Ветнам)

Вазни -78 кг

  1. Шоҳиста Назарова (Ӯзбекистон)
  2. И Чен Чао (Тайбеи Чин)
  3. Акбота Қидирали (Қазоқистон)
  4. Сабина Қодирова (Туркманистон)

Вазни -87 кг

  1. Чарос Абдуллаева (Ӯзбекистон)
  2. Чан Тхи Тхан Тхуй (Ветнам)
  3. Анҷали Чаухан (Ҳиндустон)
  4. Арайлим Жасуланова (Қазоқистон)

Вазни +87 кг

  1. Минёнг Ким (Кореяи Ҷанубӣ)
  2. Лю Ли Линг Шиҳ (Тайбеи Чин)
  3. Албина Бахриева (Қазоқистон)

3. Дурдона Абдуҷабборова (Ӯзбекистон)

Рӯзи дуюм

Миёни мардон

Вазни -90 кг

  1. Самандарбек Садинов (Ӯзбекистон)
  2. Ағамурот Башимов (Туркманистон)
  3. Ҳақназар Назаров (Тоҷикистон)
  4. Ахтилек Култаев (Қирғизистон)

Вазни -100 кг

  1. Ҷамшед Маматраҳимов (Ӯзбекистон)
  2. Саидҷамол Алимардонов (Тоҷикистон)
  3. Илҳом Камолов (Туркманистон)
  4. Муҳаммадзоҳир Сарварӣ (Афғонистон)

Вазни -120 кг

  1. Шарифҷон Назриев (Тоҷикистон)
  2. Шералӣ Ҷӯраев (Ӯзбекистон)
  3. Орозбек Алмазбеков (Қирғизистон)
  4. Суҷит Кумар Сингҳ (Ҳиндустон)

Вазни +120 кг

  1. Шоҳруххон Бахтиёров (Ӯзбекистон)
  2. Шакармамад Мирмамадов (Тоҷикистон)
  3. Баек Дусан (Кореяи Ҷанубӣ)
  4. Куназип Йеа-Он (Тайланд)

Миёни бонувон

Вазни -48 кг

1. Мафтуна Холматова (Ӯзбекистон)

  1. Жибек Жаксюбай (Қазоқистон)
  2. Алиман Абдурашитова (Қирғизистон)
  3. Пател Прити (Ҳиндустон)

Вазни -52 кг

  1. Ҳилола Ортиқбоева (Ӯзбекистон)
  2. Насиба Карликова (Тоҷикистон)
  3. До Зу Ҳа (Ветнам)
  4. Самруддҳи Сандип Патил (Ҳиндустон)

Вазни -57 кг

  1. Ибодатхон Ағоҷонова (Ӯзбекистон)
  2. Рауза Нурмаҳамметова (Қазоқистон)
  3. Ван-Тинг Ли (Тайбеи Чин)
  4. Нгуйен Зи Ҳуонг (Ветнам)

Вазни -63 кг

  1. Машҳура Ғаниева (Ӯзбекистон)
  2. Шоҳида Қаландарова (Тоҷикистон)
  3. Нгуйен Зи Нгос Нҳунг (Ветнам)
  4. Нурайим Мавлианова (Қирғизистон).
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД