Варзишгарони тоҷик аз Олимпиадаи Париж-2024 бо сари баланд ба Ватан баргаштанд. Дар майдони ҳавоии шаҳри Душанбе ҳайъати Тими Миллии Олимпии Тоҷикистонро шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Олимпии “Париж-2024” соҳиби 3 медили биринҷӣ гаштанд. Барои ин муваффақият ғолибони Бозиҳои Олимпӣ-Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Давлат Болтаев аз ҷониби Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ шуда, ба ҳар кадомашон 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд. Ҳамчунин, ба ғолибони олимпиада мошинҳои сабукрав аз ҷониби Сарвари Давлат тақдим карда шуд.
Раиси шаҳри Душанбе, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷоизадорони Бозиҳои Олимпии Париж-2024 калиди 3 хонаи якҳуҷрагиро дар шаҳри Душанбе тақдим намуд.
Ф. Сатторӣ