1 ва 2 июн дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия 7-умин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба арифметикаи зеҳнӣ баргузор гардид, ки дар он хонандагони шаҳри Душанбе шумораи бештари ҷомҳоро ба даст оварданд, хабар дод Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.
Дар Мусобиқаи байналмилалӣ 100 нафар аз давлатҳои Осиёи Марказӣ ва 19 шаҳру вилоятҳои Русия аз синни 4 то 14-сола иштирок доштанд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқа 7 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки ҳамзамон дар Маркази таълимии «Қалам» арифметикаи зеҳниро меомӯзанд, иштирок намуданд. Иштирокчиёни мусобиқа аз рӯи 4 шарт байни ҳам рақобат карданд.
Дар ҷадвали раддабандии дастаҳои иштирокчӣ, дастаи шаҳри Душанбе аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани 5 Ҷоми ғолиби мутлақ, 1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 1 биринҷӣ, шумораи бештари ҷомҳоро ба даст овард.