Дар Тоҷикистон ба ҳолати 1-уми июли соли 2025 дар маҷмуъ 41 ҳодисаи ба бемории сӯхтанӣ (сибирская язва) гирифтор шудани ҳайвоноти хонагӣ ба қайд гирфта шудааст.
Дар ин бора Наврӯз Ҷаъфаров, муовини сардори Раёсати бехатарии эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон зимни суҳбат бо расонаҳо хабар дода, гуфтааст, ки ба истиснои Кӯҳистони Бадахшон дигар дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳолатҳои ба бемории сӯхтанӣ гирифтор шудани ҳайвонот сабт шудаанд.
Аҳолӣ бояд дар харид ва истифодаи гӯшт эҳтиёткор бошанд, зеро хатари аз ҷонварон ба инсон гузаштани ин беморӣ вуҷуд дорад.
Наврӯз Ҷаъфаров аз молдорон, қассобон, байторҳо ва дигарон даъват намудааст, ки гову гӯсфандҳои худро таҳти муоина қарор дода, бахусус пеш аз забҳи чорво вазъи саломатии молро аз назар гузаронанд ва ҳангоми куштани мол мутобиқ ба меъёрҳои санитарӣ амал кунанд.