Arzon march 2024
ОИЛАИ ХУШБАХТ ХОҲЕД, БА ТИФЛИ ХУД МУҲАББАТ АТО НАМОЕД!
2785

Шумо бо фарзанди худ забон ёфта наметавонед ё баръакс фарзандатон нисбати шумо беэътиноӣ зоҳир мекунад? Фарзандатонро на бо меҳрубонӣ ба худ дилгарм карда метавонеду на бо зориву на бо зӯрӣ? Рӯз ба рӯз миёни шумо нофаҳмӣ бештар мегардад? Мехоҳед, ин ҳамаро тағйир диҳед, бо фарзанди худ мисли дугонаву рафиқ бошед?

Барои ин чӣ бояд кард? Хусусан дар ин шабу рӯз, ки коронавирус дар ҷаҳон доман паҳн кардааст, аксарият ба хотири бехатарӣ фарзандони худро дар хона нигоҳ медоранд. Дар хона нигоҳ доштани фарзанд, ӯро аз бемориҳо эмин доштан ва барояш ҷои дӯстро гирифтану хотирашро болида гардонидан кори осон нест.
Фаромӯш насозед, ки танҳо муҳаббати бузурги шумо ба фарзанд болу пар мебахшад, роҳи дурусти зиндагиро меомӯзад, ҳастии шумо барои тифлатон баробари обу ҳаво зарур аст. Хушбахтии шумо хушбахтии фарзандон, хушбахтии оилаатон аст.
Инак, 4 маслиҳате, ки рӯзгори шуморо пурсаодат ва меҳру муҳаббатро дар оилаатон афзун месозад.

Ба боварии фарзандатон сазовор шавед!

• Ҳамеша аз ҳолу аҳволи фарзанди худ бохабар бошед, пурсед, ки чӣ гуна рӯзашро сипарӣ намуд, бо чӣ корҳо машғул шуд. Ҳатман чораҳои пешгирӣ аз бемории коронавирусро ба фарзандатон фаҳмонед. Зуд-зуд шустани дастон ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо ниқоб гаштанро амали зарурӣ ва ҳатмӣ арзёбӣ намоед. Барои он ки бо фарзандатон наздиктар шавед, ҳамроҳаш бо ягон кор машғул шавед. Масалан, метавонед ҳамроҳ хӯрок пазед, дар ин муддат ҳам вақти худро босамар мегузаронеду ҳам аз дарди дили ҷигарбандатон огаҳ мегардед.
• Расмкашӣ ё суробчасозӣ бо пластилин, хондани китоб, афсонагӯӣ низ шуғлҳое ҳастанд, ки дар рушди кӯдак нақш мебозанд ва шуморо ба якдигар наздиктар месозанд.
• Фарзандатон бояд эҳсос намояд, ки шумо пайваста паҳлӯяш ҳастед ва аз ҳолу аҳволаш ҳамеша бохабар будан мехоҳед.
• Ҳамагӣ чанд ҳарфи пурмуҳаббат кифоя аст, ки фарзандатон ба шумо дарди дил кунад. Дар ин ҳангом бо ибораҳои “Ман туро мефаҳмам”, “Ту дуруст мегӯӣ”, “Ин дар ҳақиқат нигаронкунанда аст” фарзандатонро болидаруҳ намоед.
• Вақте шумо аз натиҷаи кори фарзандатон қаноатманд гашта наметавонед, ӯ инро дарҳол эҳсос мекунад. Аз ин рӯ, барои амалҳои хубаш ӯро тавсифу ситоиш намоед. Масалан, барои ба тартиб овардани хона ё кори дигараш ӯро таъриф кунед.
• Ҳар суолеро, ки фарзандатон дар мавриди коронавирус аз шумо пурсон мешавад, пурра ва дуруст фаҳмонед.

Барои ҷигарбанди худ вақт ёбед

• Ҳамарӯза зиндагии худро ҷолибтару рангин созед. Бигзор фарзандатон барои расидан ба ҳадаф талош варзад. Масалан, маслиҳат кунед, ки вазифаи хонагияшро қабл аз хӯроки шом тайёр мекунед.
• Ҷавонӣ даврае аст, ки кас мехоҳад мустақил бошад. Ба фарзандатон вақту имкон диҳед, ки мустақилияти худро эҳсос намояд. Бигзор дунёи худро дошта бошад.
• Барои фарзандатон имкон фароҳам оваред, ки барои шуғли дӯстдоштаи худаш вақту имконият пайдо карда тавонад.
• Вақте фарзандатон аз чизе нороҳат мегардад, роҳи рафъ намудани мушкилиро якҷоя пайдо намоед. Вале ба ҳеҷ ваҷҳ масъулиятро ба дӯши худ бор накунед ва нагӯед, ки чӣ кор бояд кунад.

Ҳамрози фарзанди худ бошед!

• Ба нуқтаи назари фарзанди худ гӯш андозед ва мушкилияшро оромона бартараф намоед. Фаромӯш насозед, ки ҳар нафар метавонад гирифтори изтироби руҳӣ гардад.
• Ҳеҷ гоҳ дар сари қаҳру ғазаб мушкилиҳоро ҳалу фасл накунед. Сараввал нафаси чуқур кашида, ором шавед, каме таваққуф намоед, бо фарзанди худ каме дертар, баъди ором шудан гап занед.
• Ба ҳеҷ ваҷҳ кӯшиши фармонфармоӣ карданро накунед. Дар ин шабу рӯз, вақте вазъият хеле ҳасос аст, бо фарзандон забон ёфтан кори душвор аст. Бо вуҷуди ин, ҳар хоҳишу дархости фарзандатонро беэътибор нагузоред.
• Бо фарзанди худ самимӣ бошед, ба ӯ нишон диҳед, ки шумо низ изтироби руҳӣ доред. Вақте фарзандатон мебинад, ки чӣ гуна аз ҳолатҳои душвор баромада метавонед, дилпур мегардад.
• Вақте муноқишае сар мезанад, якҷоя бо фарзанди худ роҳи рафъ намудани онро андеша намоед. Бо фарзандатон дӯсту дугона ва рафиқи беминнат шавед.
Худро фаромӯш насозед!

Волидон ҳамеша мушкилоти зиёд доранд, вале ҳар падару модар низ ба ғамхориву дастгирӣ ниёз доранд. Вақте шумо нисбати худ ғамхорӣ зоҳир менамоед, фарзандатон инро аз шумо меомӯзад.
• Дар ҳолатҳое, ки руҳафтодаву ноумед мегардед, мунтазир нашуда, аз наздикони худ кумак пурсед. Бо шахси наздиктарини худ ё бо дӯстатон дарди дил кунед.
• Дар давоми рӯз вақт пайдо карда, бо кору амале машғул шавед, ки боиси рафъ гардидани изтиробу фишори руҳӣ гардад. Бо вуҷуди он ки рӯзатон душвор буд, бояд барои худ вақт ҷудо кунед, ин барои оромиши руҳу равони шумо хеле муҳим аст. Бо кори табъи дили худ машғул шавед ё ҳамагӣ чанд дақиқаро барои барқарор сохтани нерӯи худ сарф намудан кифоя аст.

• Роҳҳои гуногуни рафъ намудани мушкилотро дида бароед. Метавонед бо варзиш машғул шавед, барои бархе муошират бо дӯстон беҳтарин василаи рафъи афсурдаҳолӣ ба шумор меравад. Барои тоифаи дигар мусиқӣ, рақс ва умуман фароғати фарҳангӣ роҳатбахш буда метавонад. Нафароне низ ҳастанд, ки дарди дили худро бо қаламу коғаз рафъ менамоянд. Шумо роҳу воситаи барои худ қуллай ва дастрасро интихоб намоед.

Фаромӯш насозед, ки калиди хушбахтӣ дар дасти шумост ва танҳо худатон метавонед оилаи худро дар тамоми паҳлӯҳои зиндагӣ нигаҳбон бошед!

Мақолаи мазкур бо дастгирии UNICEF Тоҷикистон омода гаштааст. Мақола дар асоси сиёсати редаксионии Медиа Холдинги "Оила" таҳия шуда, ҳатмӣ нест, ки мавқеи расмии UNICEF-ро инъикос намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД