Дар маҳаллаи Мадхавнагари Ҳиндустон оилае зиндагӣ мекунанд, ки занҳояш ба гург монанданд. Сар то пойи бонувони ин хонавода пур аз пашми сиёҳ аст.
Хоҳарон Савита, Мониша ва Савитри Раут бо нуқсони модарзодӣ ба дунё омадааст. Ҳамаи онҳо гирифтори бемории ирсии синдроми Вервольф мебошанд, ки бо номи бемории гипертрихоз машҳур аст. Гирифторони ин беморӣ аз модар пашмин ба дунё меоянд.
Синдроми Вервольф ё гипертрихоз аз насл ба насл мегузарад ва духтари Сувита низ бо ин беморӣ ба дунё омада, мисли модар ва холаҳояш ба гург монандӣ дорад.