arzon replenishment
Оиладорӣ инсонро ба худо наздик месозад
799


Вақте Худованд нахустин инсон, яъне ҳазрати Одам алайҳиссаломро офарид, барои ӣтаскини қалбаш барои ӯ зан- Момо Ҳавворо офарид, то ки дар шебу фаро зи зиндагӣ дастгиру мададгори ҳам бошанд.

Дар Қуръони азимушшаън Худованд ба оғози офариниш ишорат намуда фармудааст: “Эй мардум! Битарсед аз Парвардигоратон, Он, ки шуморо аз як тан офарид ва аз ӯ ҳамсарашро офарид ва аз он ду мардони бисёр ва заноне интишор дод”. (Сураи “Нисо”, ояти 1)
Аз ин бармеояд, ки Худои таъоло аз рӯзҳои нахустини ҳаёташ инсонро ба оиладорӣ тарғиб намудааст ва бояд дар ҳифзи он кӯшид. Паёмбари акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар хитоби худ ба ҷавонон фармуданд:“Эй гурӯҳи ҷавонон! Ҳар касе аз шумо тавони издивоҷ дошта бошад, пас издивоҷ намояд” (Сунани Абӯдовуд, боби ташвиқ ба никоҳ, ҳадиси 2046)

                 Чаро оила зарур аст?
Аз нигоҳи дини мубини Ислом, оила натанҳо василаи идома додани насли одамизод, балки воситаи пок нигоҳ доштани ахлоқу маънавият низ ҳаст. Ба ҳаимн маънӣ дар як ҳадис омадааст, ки расули худо гуфт:

«Касе, ки қудрати ташкили оила дорад, бигузор хонадор шавад, зеро оиладорӣ чашмро аз чизҳои мамнуъ ва одамро аз гуноҳ эмин нигоҳ медорад ва касе, ки имконияти хонадоршавӣ надорад, бояд рӯза дорад, зеро рӯзадорӣ шаҳватро суст мекунад» (ривояти Бухорӣ).

Аз назари ислом, ҳар як аъзои оила ҳуқуқ ва вазифаҳои муайян дорад. Вазифаҳои худро натанҳо донистан, балки хуб иҷро намудан лозим аст. Дар оила бояд меҳру муҳаббат, эҳтироми якдигарӣ, хушбахтӣ ва хурсандӣ ҳукмрон бошад. Оилае, ки аъзоёни он дар ҷудоӣ зиндагӣ мекунанд, дар бораи фарзандон ва калонсолон ғамхорӣ зоҳир наменамоянд, натанҳо худро маҳв месозанд, балки тамоми ҷомеаро ба нокомӣ мебарад.

Хориҷа ба духтараш чӣ насиҳат кард?

Дар ривоят омадааст, ки Асмоа духтари Хориҷаи фирорӣ ба духтараш ҳангоми арусиаш чунин супориш кард ва гуфт:
“духтарам, ту аз манзиле, ки дар он бузург шудаӣ ба манзиле меравӣ, ки онро намешиносӣ ва бо касе, ки бо ӯ унс ва улфат надорӣ (ҳамсар) ҳамнишин мешавӣ. Барояш замин шав, осмонат мегардад, барояш гаҳвора шав, сутунат мегардад, барояш каниз шав, бандаат мегардад, аз ӯ дар талаб кардани чизе пофишорӣ макун, зеро аз ту безорӣ меҷӯяд. Аз ӯ дурӣ нагир, зеро фаромушат мекунад, агар наздик шуд ба ӯ наздик шав ва агар аз ту дур шуд аз ӯ дур шав, бинӣ ва гуш ва чашмашро ҳифз кун (бо зиннат додани зоҳир ва ботини худат), ки дар ин сурат чизе ҷуз бӯи хуш аз ту истишмом намекунад ва чизе ҷуз некӣ аз ту намешунавад ва чизе ҷуз зебоӣ аз ту намебинад.

                    Зан, агар донишманд бошад....
Барои он ки оилаи хушбахту мустаҳкам, ки бо риштаҳои меҳру муҳаббат ва тафоҳуми байни якдигарӣ пайвастанд, ташкил карда шавад, ҳар як узви оилаи ояндадорро зарур аст, ки ба таври хеле хуб ҳамаи қонун ва нозукиҳои исломиро аз худ намояд.

Мутаасифона, имрӯз пошхӯрии оила яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Яке аз сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон донишу маърифати кофӣ надоштани навхонадорон аст. Агар ҷавонон, чи писар ва ё чи духтар маълумоти кофӣ дар бораи ҳикмати зиндагӣ ва вазифаҳои асосии зану мард дошта бошанд, ин масъала то ҳадде ҳалли худро хоҳад ёфт.

Бадбахтона, ҳанӯз ҳам баъзе аз падару модарон ба духтарони худ иҷозаи гирифтани таҳсили пурра ҳатто дар мактабҳои ибтидоиро намедиҳанд. Агар духтар бесавод бошад, аз ӯ магар фарзанди босавод интизор шудан мумкин аст? Мақоле дар байни мардуми Шарқ роиҷ аст, ки “вақте ки духтарро таълиму тарбия мекунед, шумо беихтиёр ба тарбия ва эъмори ҷомеа даст мезанед”.

Ҷамолиддин Хомӯшӣ,

сардори Раёсати фатвои ҶТ 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД