Чанде пеш дар сомонаҳои иҷтимоӣ навори видеоие паҳн шуд, ки дар он аҳволи баду гурусназадаи ҳайвонҳои “Боғи ҳайвонот”-и шаҳри Душанбе нишон дода мешуд. Бино ба гуфти шахси наворгирифта дар гушаи ҳайвонҳои ромшудаи “Боғи ҳайвонот” шербачае гуруснаю ташна ва беҳолу бемадор хобидааст.
Ин нафар тариқи навораш аз ҳамагон хоҳиш кардааст, ки аз ҳоли ҳайвоноти ин гушаи шаҳрамон дидан намоем чунки ҳолашон хеле бад аст. Қафасе, ки ҳайвонҳо дар он қарор доранд ифлос асту ҳайвонҳо безобитаю гуруснаанд, менависад ин нафар дар зери навораш.
Баъди тамошои навор мо бетарафӣ накарда ба тарзи ногаҳонӣ ба тамошои “Боғи ҳайвонот” ва ба аёдати ҳайвонҳои “гурусна”-и он рафтем аммо дар асл ҳайвонҳо на гурусна буданду на безобита.
Қафасҳояшон тозаю озода, ҳайвонҳо бо хуроку об таъмин. Бар замми ин дар як гушаи боғ, макони ҳайвонҳои ромшударо кушодаанд, ки дар онҷо одамон метавонанд бо якчанд намуди ҳайвонҳои нодир аз наздик акс гиранду шинос шаванд