sebiston july new
ҚОИДАҲОИ НИГОҲУБИНИ ПӮСТ ДАР БАҲОР
1980

Аллакай аз охири фасли зимистон ҳис мекунам, ки пӯсти рӯям шахшӯл ва пажмурда гаштааст. Ростӣ, ҳар бори ба оина нигаристан бо дидани чеҳраи коҳидаам ғамгин мешавам. Аз шумо хоҳиш мекунам, барои ботароват сохтани пӯсти рӯям ба ман кӯмак расонед.

Гулзира, н. Ваҳдат.

Бо расидани аввалин накҳати баҳорӣ ба машом пӯсти рӯй ба нигоҳубини хоса ниёз пайдо мекунад. Норасоии витаминҳо дар фасли баҳор боиси пастшавии масунияти бадан ва сабаби мушкилоти зиёди пӯст мегардад. Пӯст сурху шахшӯл, пур аз рихинак ва дигар зуҳуроти ногувор мешавад. Барои он ки баҳор бо омаданаш моро ғамгин насозад, бояд бо ғизодиҳии иловагӣ, нармкунонӣ ва нигоҳубини дуруст пӯстро ботароват созем.

Шустушӯи баҳорӣ

Нигоҳубини рӯй аз шустушӯй оғоз мешавад. Беҳтараш рӯятонро на бо оби ҷумак, балки бо оби ҷӯшида шӯед. Таъсири бештарро ба пӯст шустушӯ бо гиёҳобҳои аз бобуна, пудина ва ҷаъфарӣ омодашуда мерасонанд. Ба ҷои шустушӯ пораҳои яхро ба рӯятон молида метавонед, вале ях набояд оддӣ, балки аз гиёҳобҳо тайёр шуда бошад. Як гиёҳро дар оби ҷӯшида дам партофта, ним соат нигоҳ дореду ба қолабчаҳо рехта ба яхдон гузоред, сипас бо яхи гиёҳӣ рӯятонро молиш диҳед.

Рӯй ҳам ғизо мехоҳад

Барои пӯсти рӯй ғизои иловагӣ муҳим аст. Чунин ғизоро на танҳо аз берун, балки аз дарун низ ба пӯст расонидан лозим меояд. Ҳолати пӯсти мо аз хӯрокҳои мехӯрдаамон вобастагӣ дорад. Барои он ки пӯстатон солим бошад, ғизои аз микроэлементу витаминҳо бойро истеъмол кунед.

Мева ба ҷои косметика

Барои зебову ботароват гардидани пӯст барои харидории малҳами гаронбаҳо ба мағоза шитоб кардан шарт нест. Меваю сабзавот метавонанд косметикаи беҳтарин гарданд, масалан лумӯ дар қатори дигар хусусиятҳои муфидаш сӯрохиҳои пӯстро маҳкаму пӯстро сафед месозад. Фақат лимӯро ба пӯст намолед. Ними бананро бо як қошуқ шир ва 3-4 қатра шарбати лимӯ омезед, ниқоби беҳтарин мешавад.

Поккунии пӯст

Барои поккунии пӯсти рӯй дар фасли баҳор ниқобу скрабҳои мулоимро истифода баред. Аз малҳамҳои спиртдор даст кашед. Як одати навро ҷорӣ намоед –баробари ба хона омадан дарҳол рӯятон пок созед.

Ниқоби баҳорӣ

Як қошуқ фалларо бо як қошуқча асал омехта намуда ба он чанд қатра лимӯ андозеду ба рӯю гарданатон молед ва баъди 15 дақиқа шустушӯ намоед.

Майонезу қаймоқ молед

Пӯсти рӯйро майонезу қаймоқ (сметана) хеле хуб нарм мекунонад. Пӯст баъди молидани қаймоқ ҳамвору нафис мегардад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД